БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

1 ДЕКАБР - РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУБОРИЗА БО ВНМО

ФАРХОР. 1 декабр дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии мубориза бо бемории Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО-ВИЧ/СПИД) таҷлил карда мешавад. Ин рӯз аз соли 1988 инҷониб ҳамасола доир шуда, мақсад аз он пешгирӣ ва огоҳонидани аҳолӣ оид ба бемории мазкур мебошад.

Ҳамзамон дар ноҳияи Фархор низ бо ташаббуси Маркази ВНМО, ташаккули тарзи ҳаёти солими ноҳия ва аъзои фаъоли намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и ноҳия аксияи умуминоҳиявии дар мавзӯи “Солимии миллат- боигарии давлат” бахшида ба Рӯзи байнамилалии мубориза бо бемории Вируси норасоии масунияти одам баргузор карда шуд. Инчунин, дар Қасри фарҳанги ноҳия барномаи театрикунонидашудаи масъулини бахши фарҳанги ноҳия низ мавриди тамошои иштирокчиёни чорабинӣ гардонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg