БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАҲДАТСОЗИВУ БУНЁДКОРӢ ПЕШАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК АСТ

АНДЕША. Тоҷикистони биҳиштосои мо 30 сол мешавад, ки дар роҳи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст ва дар ин давра рукнҳои асосии давлатдории миллӣ мустаҳакам гардиданд ва бисёр давлатҳои тараққикардаи дунё бо кишвари мо робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор намудаанд. Имрӯз Тоҷикистон ва миллати тоҷикро ҷаҳон шинохтаву эътироф намудааст. Истиқлолият ба ҳар як сокини ватани азизамон неъмати бебаҳост ва он ифодагари рамзи саодат, озодӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва соҳибватанию соҳибдавлатӣ мебошад.

Беҳтарин дастоварди миллати тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолӣ сулҳу ваҳдати миллӣ аст. Имрӯз сулҳу ваҳдати тоҷикон дар саросари ҷаҳон маъруф гаштаву мавриди омӯзиши марказҳои илмиву тадқиқотии олам қарор гирифтааст. Дар тамоми гӯшаву канори кишвари азизи мо бунёдкориву ободонӣ авҷ дорад ва аз ҳама муҳим эътимоду арҷгузории мардуми ин сарзамини биҳиштосо бо арзишҳои миллӣ, ифтихори ватандорӣ қавӣ гардидаасту мегардад.Дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ аз байн бурдани мушкилиҳои зиёд ва бо қадамҳои устувор ба ҷодаи рушд ворид гардидан бо сиёсати гуногунҷабҳа ва бобарори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаи зич дорад.

Вале ин пешрафти ҷабҳаҳои гуногуни сиёсиву иқтисодии Тоҷикистон ва зиндагии шоистаи миллати тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ ба гурӯҳҳои нотавонбини ифротӣ ва террористӣ хуш намеояд. Ин аст, ки дур аз ватан  таҳти роҳбарии хоҷагони хориҷии худ аъзои ҲНИ ва ҳаммаслаконашон  халалдор сохтани зиндагии осоиштаи миллати тоҷикро бо ҳар роҳ амалӣ сохтанианд.

Миллати тоҷик худогоҳу худшинос будаву соҳиби нангу номуси қавӣ аст, барои нигоҳ доштани сулҳу суботи Ватан талош дорад ва ифтихор мекунад, ки дар чунин як кишвари биҳиштосо зиндагӣ дораду фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон  - роҳбари хирадманду халқпарваре  ӯро  роҳнамоӣ  дорад. Дигар касе ва чизе наметавонад иродаву матонати ин давлату миллатро бишканад, зеро роҳи мо роҳи Ваҳдат, саодат ва муҳаббат нисбат ба обу хоки Ватани азиз-Тоҷикистон ва сокинони он аст.

Расулов Ғолиб,  мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg