БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИДОМАИ МАҶЛИСҲОИ ҲИСОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

ЛЕВАКАНТ. Дар ташкилоти ибтидоии “АДСИН” –и шаҳр бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба фаъолияти солонаи ташкилоти ибтидоӣ баргузор гардид.

Дар оғози маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ дар бораи фаъолияти солонаи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ шунида шуда, баъдан қарорҳои лозимаро қабул намуданд.

Сипас, масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар назди ҳозирин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, аъзошавии шахсони масъулиятнок ба сафи ҳизб, дастовардҳои замони Истиқлол, ҳифзи арзишҳои миллӣ ибрози андеша намуда, қайд карданд, ки ба кори ҳизбии ташкилоти ибтидоӣ диққати ҷиддӣ дода, дар чорабиниҳо, аксияҳо ва ҳашарҳои ҳизбӣ фаъолона ширкат намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg