ВОКУНИШ. Рӯзҳои 25-ум то 28-уми ноябри соли ҷорӣ дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва дигар минтақаҳои ин вилоят тазоҳурот ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ рух дода, ягон шахси бедордилро бетараф гузошта натавонист. Ин ҳодиса аз тарафи як гурӯҳ ашхоси ҷинояткор баамал омадааст. Мо ҷавононро мебояд, ки аз ин хел ҳодисае, ки дар ин гӯшаи мамлакатамон рух додааст, бетарафиро зоҳир накунем, чунки ин ҳодисаи нангин барои он хоиноне, ки аз паси парда нооромии миллати тоҷикро мехоҳанд, бо суханони пучу бемаъниашон мардуми Бадахшонро зидди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардонанд.
Аз ин рӯ, миллати тоҷик дар солҳои 90-уми асри гузашта ҷанги тахмилиро аз саргузаронд набояд, ки ба хатогиҳо роҳ диҳем,чунки дар зарфи 30-сол мо миллати парешонгашта бо заҳмату талошҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чунин рӯзҳо расидаем. Ҳар фарди ватандӯсту меҳанпарварро мебояд, ки барои тинҷию оромии ин гӯшаи ватани азизамон талош намуда нагузорем, ки нохалафе ба ин хоки муқаддас ва миллаташ дасти касифашро дароз кунад. Чунки ин хел шахсони бадхоҳу бадкирдор манфиатҳои шахсиву гурӯҳиашонро аз манфиатҳои давлативу миллӣ боло медонанд.
Аз ҳамин лиҳоз, мо ҷавонони зодаи истиқлолро мебояд, ки дар зери сиёсати хирадмандонаву сулҳпарвар, ятимпарвару ватандӯст Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз як гиребон сар бароварда, барои тинҷию оромии ин ватани маҳбубамон ҳамеша талош намоем.
Чуноне, ки Пешвои миллат дар ҳама суханрониҳояшон мо ҷавононро таъкид менамояд: “ҳамеша ҳушёру зиракии сиёсиро аз даст надода, барои ҳифозати марзу бум доимо дар ҳолати омодабош қарор дошта бошед. Мо ҷавонони зодаи истиқлолро мебояд, ки аз чунин амалҳои ғайриқонуние, ки дар Бадахшон рух дод, дар канор набошему барои дар амну осуда будани ин кишвари азизамон саҳмгузор бошем.
Асақолов Алиҷон, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин