ДӮСТӢ. Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ бахшида ба 27-солагии Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи "Ваҳдат"-и ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл, Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони "Якҷоя месозем!" гузаронида шуд.
Дар аксияи мазкур масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, раиси ташкилоти ибтидоӣ, аъзову ҷонибдорони ҳизб фаъолона иштирок карда, зиёда аз 2 километр роҳҳои дохилии деҳаро сангфарш намуданд.