БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АКСИЯИ ҲИЗБИИ "ЯКҶОЯ МЕСОЗЕМ!" ДАР АМАЛ

ДӮСТӢ. Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ  рӯзҳои шанбе дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия корҳои созандагию ободонӣ баргузор карда мешавад.

Дар доираи ҳамин чорабиниҳо дар ҳудуди ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҷамоати деҳоти "Ҷиликӯл" Аксияи ҳизбии "Якҷоя месозем!" баргузор карда шуд.

Бо роҳнамоии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ ва саҳмгузории аъзову ҷонибдорони ҳизб дар деҳаи Ваҳдат, дар назди бунгоҳи тиббии деҳа як купрӯки мошингузар бо дарозии 5 метр ва паҳноии 3 метр сохта ба истифода дода шуд. Ташаббуси ҳизбӣ аз ҷониби сокинон бо хушнудӣ пазируфта шуда, онҳо иқдоми навбатиро  идомаи корҳои созандагии  ҲХДТ арзёбӣ карданд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg