ЛЕВАКАНТ. Дар ташкилоти ибтидоии "Фарҳангчиён"-и шаҳр бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант маҷлиси ҷамъбастӣ баргузор гардид.
Дар маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ дар бораи фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар соли 2021 шунида шуд.
Сипас, масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар Левакант оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, вазифаҳои аввалиндараҷаи ташкилоти ибтидоӣ, коргузорӣ, назорати ҳаракати аъзои ҳизб дар назди ташкилоти ибтидоӣ суханронӣ намуда, инчунин оид ба роҳҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла эмгузаронии саривақтӣ тавсияҳо доданд.
Дар фарҷом ба шахсоне, ки барои аъзо шудан ба ҳизб ариза пешниҳод карда буданд, дар вазъияти тантанавӣ ба онҳо шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.