ВОСЕЪ. Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 27-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯъи “Конститутсия-сарчашмаи бахту саодат” миёни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии ноҳияи Восеъ баргузор карда шуд.
ВОКУНИШ. Мо мардуми Тоҷикистон бо талошҳои зиёди ҳазорсолаҳо соҳиби давлату сарзамин гардидем. Дар таърих маълуму машҳур аст, саргузашти мардуми мо. Тамоми ковишҳои бостоншиносӣ, китобу далелҳои таърихӣ шаҳодат аз он медиҳанд, ки мардуми тоҷик дар асрҳои IХ-Х давлати бузурги худро дошт, бо номи Сомониён. Ин давлат бо тамоми сохторҳои давлатиаш аз давлатҳои замони муосир қариб, ки фарқияте ҳам надошт.
АНДЕША. Рӯзгори зиндагӣ ҳар лаҳзаву ҳар соат ба мо дарс медиҳад, аз тамоми пайёмадҳои ҳаёт огоҳ месозад. Ӯ ба мисли оинаи нилгун саҳанаҳоеро нишон медиҳад, ки мо аз диданаш ангушти ҳайрат мегазем. Ва албатта ҳамаи он тасвирҳо барои мо бояд ҳушёриву оқилӣ бахшад, чунки навбат рӯзе ба мо ҳам мерасад, ки ҳолати ногувору сангин пеши роҳамонро мегирад.
ВОКУНИШ. Баъзан нафарон дар ҷамъомаде нишаста нафареро зери танқид қарор дода, мехоҳанд аз ин фурсат мартабаи худро баланд созанд, лек ҳастанд нафароне, ки ки будани танқидгарро медонанду оҳиста-оҳиста дар борааш маълумот медиҳанд. Душманони имрӯзаи миллату давлати мо дар саҳифаҳои иҷтимоӣ корҳои сиёсӣ ва фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври худ гӯё танқиду таҳлил мекунанду худро барои мардум пуштибон мешуморанд.
Ҷ.БАЛХӢ. Дар ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ чорабинии тантанавӣ бахшида ба 27-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи иҷроия Сулаймонова Лола ва раиси Шӯрои собиқадорони ҳизб дар ноҳия Абдулҳаев Маҳмасаид иштирок ва суханронӣ намуданд.
АНДЕША.Конститутсия танзимкунандаи тамоми соҳаҳои зиндагӣ сокинон ба шумор рафта, дар он дурнамои инкишофи давлату давлатдорӣ-шакли идоракунӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва тамоми самтҳои муҳими рушди ҷомеа ва давлат иникос гардида, дар эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши калидиро дорад.
АНДЕША. Аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 сол сипарӣ гардид, тӯли ин давраи назди таърих начандон тӯлонӣ ин санади муҳими тақдирсоз собит намуд, ки шакли идораи давлату давлатдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақил буда, ҷомеаи ҷаҳони кишвари моро ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ демократӣ ва ягона эътироф намуд. Дар воқеъ ҳам, соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон натанҳо заминагузори қабули ин санади муҳим гардид, балки
АНДЕША. Қонун вожаест, ки бо шунидани он шахс худро масъулиятнок ва уҳдадор ба коре ё амале ҳисоб мекунад. Чун шахс калимаи «Қонун» - ро мешунавад, дар фикри ӯ қоидаҳои махсуси муқарраршуда пеши назар меоянд. Қоидаи қонун чунин аст: қонун санади меъёрии ҳуқуқиест, ки мутобиқи тартиби муқарраршуда аз тарафи мақомоти қонунгузор ва ё бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ қабул мегардад ва муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро ба танзим медарорад.
АНДЕША. Барои ҳар як шахси озодихоҳ, худшинос, комилҷӯ ва фарзанди солеҳи замона, ки имрўзу фардои худро дар мизони хирад ва дар доираи манфиатҳои давлату миллат дида тавониста, қудрати дарки неку бадро барои худ ва фарзандонаш дорад, неъмате бузургу гиромӣ ва муқаддастар аз Истиқлолияти давлатӣ буда наметавонад.
ШАҲРИТУС. Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус дар ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматов вобаста ба таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот доир гардид.
АХБОРИ ҲХДТ
НОВОСТИ НДПТ
NEWS PDPT
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АМИТ Ховар
МИҲД вилояти Хатлон
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи. Айни №47
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Email: hkhdt_khatlon@mail.ru
Tel: (83222) 2-82-92 Fax: (83222) 2-12-12