БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОНСТИТУТСИЯ – ТАНЗИМКУНАНДАИ МУҲИМТАРИН МУНОСИБАТҲОИ ҶАМЪИЯТӢ.!!!

АНДЕША.Конститутсия  танзимкунандаи тамоми соҳаҳои зиндагӣ сокинон ба шумор рафта, дар он дурнамои инкишофи давлату давлатдорӣ-шакли идоракунӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва тамоми самтҳои муҳими  рушди ҷомеа ва давлат иникос гардида, дар эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши калидиро дорад. Зеро он  қонуни асосии кишвар буда, сарчашмаи тамоми қонунҳо мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба марҳалаи сифатан нави рушд ворид гардида, Конститутсияи нави худро 6 - ноябри солли 1994 таҳия ва тариқи райпурсии умумихалқӣ қабул намуд, ки ба таъмини истиқлолияти давлатӣ ва рушди бомароми кишвар заминаи мусоид фароҳам овард. Дар ин замина Конститутсия фарогири шакли сиёсии масъалаҳои муҳимтарини ба соҳибихтиёрии давлат, ҳокимияти давлатӣ, ҳолати ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, шаклҳои гуногуни моликиятро муқарар намуд. Маҳз дар заминаи меъёрҳои конститутсиони фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони мансабдори давлатӣ, шаҳрвандон, шаҳрвандони хориҷи ва шахсони шаҳрвандӣ надошта, ки дар ҳудуди давлат истиқомат мекунанд танзим карда шуда, инчунин сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ муайян карда мешавад. Конститутсия ба сохти давлатӣ, шакли идоракунии давлат, низоми сиёсӣ, ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд, инчунин дигар муносибатҳо иҷтимоӣ асоси ҳуқуқӣ гузошт. Эълони дахлнопазирии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон метавонад тасдиқи гуфтаҳои боло бошад. Мавриди зикр аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти хусусиятҳои таърихиву анъанавӣ, милливу мазҳабӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву ҳуқуқии халқи тоҷик қабул гардида, муқоисаи он бо қонуни асосии мамлакати дигари ҷаҳон наметавонад қобили қабул бошад. Зеро Конститутсияи амалкунандаи кишварро мардуми он бо иродаи мустаҳками худ бо роҳи райпурсии умумихалқӣ қабул намудаанд, ки ин нишонаи саодати бузурги миллати тоҷик мебошад, чунки дар асоси хулосаи коршиносони як қатор ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, алалхусус Созмони Милалӣ Муттаҳид яке аз намунаҳои беҳтарин Конститутсия ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон Конститутсия муносибатҳои муҳимтарин ҷамиятиро ба танзим медарорад, ки пояҳои асосии давлатдорӣ дар асоси онҳо бунёд шудаанд. Яъне муносибатҳои ҷамиятие, ки бо конститутсия ба танзим дароварда мешаванд моҳияти татбиқшавии конститутсияро муайян менамояд. Муносибатҳои муҳимтарин ҷамиятие, ки конститутсия онҳоро ба танзим медарорад ин: асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд, тартиби ташкил ва фаъолияти мақомоти олӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар муносибатҳои ҷамиятие, ки бояд дар сатҳи конститутсия ба танзим давроварда шаванд мебошад. Яъне санадҳои дигари ҳуқуқӣ, бояд дар асоси конститутсия қабул гардида ба он набояд мухолиф бошанд, дар сурати мухолифат пайдо кардан наметавонад эътибори ҳуқуқи пайдо намояд. 

Худойдод Ёров, сармутахасиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg