БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҚОНУН - БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ

АНДЕША. Қонун вожаест, ки бо шунидани он шахс худро масъулиятнок ва уҳдадор ба коре ё амале ҳисоб мекунад. Чун шахс калимаи «Қонун» - ро мешунавад, дар фикри ӯ қоидаҳои махсуси муқарраршуда пеши назар меоянд. Қоидаи қонун чунин аст: қонун санади меъёрии ҳуқуқиест, ки мутобиқи тартиби муқарраршуда аз тарафи мақомоти қонунгузор ва ё бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ қабул мегардад ва муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро ба танзим медарорад. Яъне, агар шахс бечунучаро ҳуқуқ ва вазифаҳои худро иҷро кунаду ҳаматарафа онҳоро риоя намояд, он гоҳ пешравии ҷомеа ва ваҳдати миллӣ дар байни мардум зиёдтар дида мешавад.

Дар ҷумҳурии азизи мо Конститутсия санади воломақоми миллат ва роҳнамои ҳамешагии мо ба ҳисоб рафта, нақши муҳимро дар ҳаёти ҷомеа мебозад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади меъёрии ҳуқуқӣ эътибори олии ҳуқуқӣ дорад. Ин санади тақдирсоз чун чароғи фурӯзон роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро тӯли садсолаҳо мунаввар мекунад.  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 - уми ноябри соли 1994 бо тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардид ва ин рӯзи таърихӣ дар кишварамон рӯзи Конститутсия муқаррар шуда, ҳамасола ботантана ҷашн гирифта мешавад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 боб ва 100 модда иборат аст ва ҳуҷҷати мӯътабару шиносномаи давлату миллат ҳисобида мешавад.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар қонунҳо  аз Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон манша гирифта, ҳамаи ин кӯшишу талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мардуми кишвар аст, ки мо ба корҳои баду кирдорҳои ношоям даст назанем, қонунро вайрон ва зиёдаравӣ накунем, зеро дар  моддаи 42-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд гардидааст, ки «Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд. Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад».

Қонуни адолат аст Сарқонунат,

Қонуни адолати ҷаҳон овардӣ.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қайд кардаанд, ки «...То расму оин ва маросими милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хараҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, ба қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем».

Илова бар ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар ҳанӯз дар Паёми соли 2016 ба Вазорати маориф ва илм супориш додаанд, ки омӯзиши ҳатмии Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» -ро дар барномаҳои муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монанд.

Бояд дарк намоем, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба талаботи умумибашарӣ зиддият надошта, меъёрҳои он барои пешгирии хароҷоти барзиёд ва ҳифзи манфиати шаҳрвандон мусоидат карда, ба оилаҳо сарфаю сариштакориро ҳамчун рукни асосии гузаронидани маросим омӯхта, ҷиҳати дастгирии қишрҳои камбизоати ҷомеа хизмат менамояд.

Шарифзода Маҳмуд Муҳаммадӣ, хонандаи синфи 11-и муассисаи давлатии таълимии «Литсейи барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Бохтар

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg