БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БЕҲТАРИНҲО ҚАДРШИНОСӢ ГАРДИДАНД

ВОСЕЪ. Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 27-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯъи “Конститутсия-сарчашмаи бахту саодат” миёни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии ноҳияи Восеъ баргузор карда шуд.

Зимни суҳбат бо хонандагон зикр гардид, ки мақсад аз ташкилу баргузории ин гуна озмунҳо ин баланд бардоштани савияи дониши ҷавонон ва бедор намудани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ дар дили онҳо буда, таваҷҷуҳи онҳоро ба донишандӯзӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ зиёд мегардонад.

Бояд қайд намоем, ки озмуни иншои беҳтарин бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардида, ғолибони озмун бо туҳфа ва сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ қадрдонӣ гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg