ВОКУНИШ. Мо мардуми Тоҷикистон бо талошҳои зиёди ҳазорсолаҳо соҳиби давлату сарзамин гардидем. Дар таърих маълуму машҳур аст, саргузашти мардуми мо. Тамоми ковишҳои бостоншиносӣ, китобу далелҳои таърихӣ шаҳодат аз он медиҳанд, ки мардуми тоҷик дар асрҳои IХ-Х давлати бузурги худро дошт, бо номи Сомониён. Ин давлат бо тамоми сохторҳои давлатиаш аз давлатҳои замони муосир қариб, ки фарқияте ҳам надошт. Яъне, мо мардуме ҳастем, ки бо дониш ва хиради худ таҷрибаи хуби давлатдориро дорем.
Имрӯз сад шукр, ки давлат ва сарзамини худро соҳибем. Аммо баъзан аҷнабиён душманони мо мехоҳанд, миёни мардум ҷангу низоъ андохта, ба оромиву суботи мо халал ворид созанд. Душманони мо то он дараҷа кор мебаранд, ки ҳатто баъзан шаҳрвандони моро афсун намуда, бар зидди сохти давлатдории худ дар хориҷа омода кардаанд. Онҳо бо ғараз ва кинаву адоват сухан ронда мақсаду мароми бад доранд. Худро ҳар гуна нишон дода, бо ҳазор ҳиллаву найранг мехоҳанд вазъи кунунии моро тағйир диҳанд.
Мардуми Тоҷикистон дар ҳама вазъият муттаҳид буд ва мемонад. Ин муттаҳидиву сарҷамъии мо моро ба як яроқи бузурги ҳастаӣ ва муосир баробар мекунад. Чунки фарзандони бонангу номуси диёри мо дар набардҳои байналмилаливу башардӯстӣ бар зидди душмани башарият ҷангидаанду аз худ қаҳрамониву шуҷоат нишон додаанд. Мо мардуме ҳастем, ки дар ҳама лаҳзаҳо дидаем, ки ба ғайр аз худ мо каси дигар дасти кумак дароз намекунад.
Сафаралӣ Мирзоев, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ