АНДЕША. Рӯзгори зиндагӣ ҳар лаҳзаву ҳар соат ба мо дарс медиҳад, аз тамоми пайёмадҳои ҳаёт огоҳ месозад. Ӯ ба мисли оинаи нилгун саҳанаҳоеро нишон медиҳад, ки мо аз диданаш ангушти ҳайрат мегазем. Ва албатта ҳамаи он тасвирҳо барои мо бояд ҳушёриву оқилӣ бахшад, чунки навбат рӯзе ба мо ҳам мерасад, ки ҳолати ногувору сангин пеши роҳамонро мегирад. Агар мо дониш ва таҷрибаи зиндагиро аз дигарон омӯхта бошем ва панди гузаштагонро дар хотир дошта бошем, пас мушкилоти мавҷудбудаи хешро бартараф менамоем. Дар акси ҳол бошад, масъалаи кӯчак ба як мушкилоти азими ҳаёти мо табдил хоҳад ёфт.
Гузаштагону донишманди мо дар мавриди дӯстиву рафоқат, ҳамдиёрӣ бештар таъкид кардаанду мисолҳои зиёдеро рӯи варақ гузоштаанд. Мо агар дар ҳаёти хеш дӯсти бештар дошта бошем, тамоми мушкилоти ба вуҷудомадаро паси сар намуда, зиндагии худро дар як фазои ором пеш мебарем. Аммо дӯсти хубро дар лаҳзаҳои душворӣ мефаҳмем. Агар пеши роҳи мо мушкилоте ояд мебинем, ки атрофи мо чи гуна тағйир меёбаду дар паҳлуи мо мемонад. Ин лаҳзаҳои ҳаёт дар хотираи мо то абад боқӣ мемонад. Чунки дар душвортарин лаҳзаи зиндагӣ, нафаре ба мо дасти кӯмак дароз кунад, мо амали ӯро ҳамеша пос медорему кӯшиш мекунем, ки ҷавоби нек гардонем.
Моро зарур аст, ки дар ҳаёт бо дӯстон муносибати оқилон ва содиқона дошта бошему дар тамоми ҳолатҳо аз аҳволи якдигар бохабар бошем. Ин амали мо дӯстиву рафиқии моро бештар намуда, дар ҳама маврид ба мо фоида мебахшад.
Сафаралӣ Мирзоев, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ