БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАНҚИД МАЪНОИ ПУШТИБОНИРО НАДОРАД

ВОКУНИШ. Баъзан нафарон дар ҷамъомаде нишаста нафареро зери танқид қарор дода, мехоҳанд аз ин фурсат мартабаи худро баланд созанд, лек ҳастанд нафароне, ки ки будани танқидгарро медонанду оҳиста-оҳиста дар борааш маълумот медиҳанд. Душманони имрӯзаи миллату давлати мо дар саҳифаҳои иҷтимоӣ корҳои сиёсӣ ва фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври худ гӯё танқиду таҳлил мекунанду худро барои  мардум пуштибон мешуморанд. Аз ин кори онҳо ягон манфиат ва ё фоидае ба касе нест, чунки онҳо танҳо суханҳои беасосро мегӯянду як ду нафар ҳаммаслаки худро доранд. Ҳамақидаи онҳо танҳо як ду нафар ҳаст, ки ҳама онҳоро мешиносаду мефаҳмад. Онҳо ҳам насаб ва номи худро ҳар гуна гирифта суханҳои подарҳаворо гуфтанӣ мешаванд. Дар асл кор ва баромади онҳо ба ҷуз  аз саҳнача дигар чизе нест, ки инро ҳама медонад. Аз ин лиҳоз мавзӯи андешаи дар мавзӯи “танқид маънои пуштибониро надорад” оварда шудааст. Яъне,  танқиду буҳтонҳое, ки онҳо мегӯянд, бӯи ғализ ва суханҳои бофта аст. Вақте, ки касе бо онҳо мусоҳиб мешавад ва аз фаъолияти давлат изҳори қаноатмандӣ мекунад, онҳо асабона ва бо суханҳои дағалона дар меафтанду ҳарчиро, ки дар забонашон ояд мегӯянд. Кирдору рафтор ва ҳатто суханҳои бахилонаи онҳоро дигар форсизабонон маҳкум менамоянд. Ёвагӯён барномаҳои худро зиёд карда, исбот мекунанд, ки гӯё тарафдоронашон зиёд аст. Бо ин далел дар баъзан маврид “лайк” ва дигар амалҳоро мисол меоранд, ки ин як кори оддӣ аст ва ба воситаи маблағ  чунин корро метавон иҷро кард.

Хулласи гап ҳамин, ки ин нафарони бадандешу бадбин, ки аз суханҳояшон бӯи касифӣ, норомӣ ва андохтани низоъ байни гурӯҳи муайян ҳаст, ҳеҷ вақт тарафдоре пайдо намекунад. Чунки мо мардуми Тоҷикистон солҳои 90 -умро дар хотир дорем ва бори дигар воқеаҳои давлати Афғонистон собит кард, ки ҳангоми ноамнӣ мардуми оддӣ чи аҳволеро ба сар дорад.

  Сафаралӣ Мирзоев, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg