БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОНСТИТУТСИЯ – ДАСТОВАРДИ БУЗУРГИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

АНДЕША. Барои ҳар як шахси озодихоҳ, худшинос, комилҷӯ ва фарзанди солеҳи замона, ки имрўзу фардои худро дар мизони хирад ва дар доираи манфиатҳои давлату миллат дида тавониста, қудрати дарки неку бадро барои худ ва фарзандонаш дорад, неъмате бузургу гиромӣ ва муқаддастар аз Истиқлолияти давлатӣ буда наметавонад.

Зеро барои миллати куҳанбунёди тоҷик, ки пас аз садҳо соли бедавлатӣ дигарбора соҳиби давлати соҳибистиқлол гардид, ин ҳодиса на як рӯйдоди оддии таърихӣ, балки мояи ифтихор, шукргузории бемисл ва илҳомбахши масъулияти беандоза назди гузашта, имрӯза ва ояндаи хеш аст.

Дар ин росто, бузугтарин дастоварде, ки миллати тамаддунофару фарҳангсолори тоҷик дар замони соҳибистиқлолияш зери роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат, меъмори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиб гардидааст, қабули Конститутсия мебошад. Қабул гардидани ин санади олии ҳуқуқӣ барои миллати тоҷик чун Истиқлолият ва сулҳу ваҳдати гиромӣ буда, бо гузашти 27 соли қабул гардиданаш нуфузу эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ба маротиб боло бурд.

Додгоҳи таърих ва тақдир миллати моро дар саргаҳи эълон ва интихоби соҳибихтиёрӣ ва муайян намудани мазмуну муҳтавои табиати давлатдориаш бо омилҳои мухталифи дохилию хориҷӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ ва моҷароҳои зиёди сиёсӣ, маънавӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ кашид.

Ҳамзамон қабули Конститутсия дастоварди бузурги халқи тоҷик дар роҳи давлатсозиву давлатдории навин маҳсуб ёфта, дар айни замон ин падидаи таърихӣ барои пойдории сулҳу суботи комил, ваҳдати миллӣ ва ташаккули ниҳодҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишварамон нақши басо муассир дорад. 

Аҳамияти таърихии Конститутсия дар он аст, ки ин ҳуҷҷати бунёдӣ ғояҳои пешомади ҷамъиятиву сиёсӣ, усулҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, афзалият ва кафолати таъмини пурраи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гуногунандешии сиёсиву идеологӣ ва дигар падидаҳои нодири демократиро дар худ инъикос намуда, барои эъмори ҷомеаи адолатпарвар замина гузошт.

Арзиши муҳим ва дигари Конститутсия боз дар он аст, ки ин санади ҳуқуқӣ ифодаи олии яке аз гаронбаҳотарин арзишҳои умумибашарӣ – ҳуқуқу озодии инсон мебошад. Зимни таҳияи лоиҳаи Конститутсия Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошта буданд, ки ҳуқуқҳои инсон масъалаи муҳим ва дар маркази давлати ҷаҳониён, махсусан афкори умумии кишварҳои мутамаддин ва мутараққии дунё қарор дорад ва он бояд яке аз бахшҳои муҳими Конститутсия маҳсуб ёфта, ҳифзи ҳуқуқи инсонро таъмин намояд.

Ҳамин тариқ Конститутсия чун Истиқлолияти давлатӣ сулҳу ваҳдат барои ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон арзишмандтарин ва гаронбаҳотарин дастовард дар замони соҳибистиқлолии кишвар ва давлатдории навини тоҷик маҳсуб мешавад.

Сироҷиддин Комилов, вакили Маҷлиси вакилони хали ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg