БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ноябр 2021

БАРОИ ФАРЗАНДОНАМОН ШАРОИТИ МУСОИДИ ТАҲСИЛРО ФАРОҲАМ МЕСОЗЕМ!

ПАНҶ. Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳия бо ҷалби аъзоён, сохтмони ду синфхонаи иловагӣ барои 90 хонанда дар ду баст оғоз гардида , аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳия тасмим гирифтаан, ки то охири соли ҷорӣ онро ба истифода диҳанд.

ПАРЧАМ - ТАҶАССУМГАРИ УМЕДУ ОРМОНҲО

АНДЕША.  Парчами давлатии Тоҷикистон, ки аз рангҳои  сурху сафеду сабз ва  тоҷу ҳафт  ситора иборат аст, дар радифи Суруди миллӣ ва Нишони давлатӣ яке  аз рамзҳои давлатдорӣ ба ҳисоб  меравад ва ин  парчам 29 -  сол муқаддам дар ҷаласаи Шӯрои Олии Тоҷикистон  дар шаҳри бостонии Хуҷанд қабул шудааст.

ИЛМУ ДОНИШ ИНСОНРО БА РОҲИ РОСТ ҲИДОЯТГАР АСТ

АНДЕША. Пешрафту тараққиёти ҳар як давлат аз шахсони бо илму дониш ва мутахассисони соҳибтаҷриба вобастагии калон дорад. Омӯхтани илму дониш шахсро ба қуллаҳои баланди мурод мерасонад. Барои дар ҷодае соҳиби мавқеи худ гардидан пеш аз ҳама дониш, малакаву маҳорат, ҳамеша дар талоши чизи нав будан ва аз ҳама муҳим иродаи мустаҳкам доштан лозим аст.

ОҒОЗИ ВОХӮРИҲО БО СОКИНОНИ НОҲИЯҲОИ НАЗДИСАРҲАДӢ

ВИЛОЯТ. Шурӯъ аз санаи 8-уми ноябри соли ҷорӣ вохӯриву суҳбатҳои гурӯҳи  муштарак аз ҳисоби  Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагони Ватан»-и назди КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон,  гурӯҳи ҷавонони «Авангард»-и Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят ва Шӯрои собиқадорони  ҲХДТ дар вилояти Хатлон бо сокинони ноҳияҳои наздисарҳадӣ оғоз гарддид.

ПОЯНДА БОД БАХТНОМАИ МИЛЛАТ!

“ Рузи 6-уми ноябри соли 1994 дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи бузург ба вуқӯъ пайваст.  Халқи  тоҷик  дар таърихи беш аз ҳазорсолаи давлатдориаш  бори  аввал  Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ  қабул кард.

КОНСТИТУТСИЯ - НЕЪМАТИ БЕБАҲО

Н.ХУСРАВ.  Бо  мақсади татбиқи  дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ  бахшида  ба  Рӯзи  Конститутсияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон вохӯрии  ҷавонони ташкилоти ибтидоии деҳаи “Гулзор”-и  ҷамоати деҳоти Фирӯзаи  ноҳияи Носири Хусрав   таҳти  унвони "Конститутсия санади таърихсоз»   баргузор  гардид.

ДАР ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС САҲМГУЗОР БОШЕМ!

Н.ХУСРАВ.  Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бо мақсади  пешгирӣ аз паҳншавии бемории  коронавирус корҳои  фаҳмондадиҳӣ  дар  маҳаллаҳо ва деҳаҳои  ноҳия  ҳамарӯза бо маром идома доранд.     

ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ

ҲАМАДОНӢ. Дар муассисаи таҳсилоти  миёнаи умумии № 6-и деҳаи Дараи Калоти ҷамоати деҳоти Қаҳрамон вохӯрӣ бо сокинон ва аъзои фаъоли ҲХДТ оид ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз баргузор гардид.

КОРҲОИ ТАРҒИБОТӢ ДАР МАҲАЛ

ФАРХОР. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади тарғибу ташвиқи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб ва ҳамзамон, фаҳмонидани моҳияти истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва Президентӣ бо усули “хона ба хона” гардиш доир намуда, бо сардорони оилаҳо вобаста ба самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, махсусан бемории  коронавирус суҳбат намуданд.

АГАР БО КОРАФТОДА МУНОСИБАТИ САМИМӢ КУНЕМ, Ӯ ҚАНОАТМАНД МЕГАРДАД

АНДЕША. Аз таҷрибаи хеш мушоҳида намудам, ки баъзан нафарон аз рӯи оддат худро бечораҳол гирифта,  сад дарро ангушт мезананду мададу ёрӣ аз нафарони мансабдор талаб мекунанд. Онҳо аз ин амалӣ худ ба мисли касб одат карда, ҳеҷ вақт бо меҳнат дарёфт кардани пулро ба худ хос намедонанд. Дар асл агар ба шароити иҷтимоӣ он нафар нигарем эҳтиёҷманд нест.

Pages

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg