АНДЕША. Ҳар як инсон дар ҳаёти хеш воқеаҳои фаромӯшнашавандаи зиёдеро аз сар мегузаронад. Ва яке аз чунин рӯйдодҳои фараҳбахшу хотирмон маросими бастани никоҳ мебошад. Гарчанде, ин рӯйдод дар ҳаёти инсон фаромӯшнашаванда ва муҳим мебошад, бо вуҷуди он, мо худ шоҳидем, ки теъдоди оилаҳои ҷавоне, ки лаззати зану шавҳариро ҳанӯз пурра начашида, пароканда мешаванд, мутаассифона, ин омил тамоюли афзоиш дорад.