БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН БОЯД ДОНАНД!

АНДЕША. Ҳар як инсон дар ҳаёти хеш воқеаҳои фаромӯшнашавандаи зиёдеро аз сар мегузаронад. Ва яке аз чунин рӯйдодҳои фараҳбахшу хотирмон маросими бастани никоҳ мебошад. Гарчанде, ин рӯйдод дар ҳаёти инсон фаромӯшнашаванда ва муҳим мебошад, бо вуҷуди он, мо худ шоҳидем, ки теъдоди оилаҳои ҷавоне, ки лаззати зану шавҳариро ҳанӯз пурра начашида, пароканда мешаванд, мутаассифона, ин омил тамоюли афзоиш дорад. Албатта, модоме, ки оила яке аз ячейкаҳои  муҳимми ҷомеа ба ҳисоб  меравад, пас,  барҳамхӯрии оилаҳо, бе яке аз волидайнҳо ба камол расидани фарзандон барои ҷомеа низ бетаъсир намемонад. Дар манзари ин гуфтаҳо хостам  ба алоҳида ҷавонон аз боби нозукии ҳуқуқи бастани ақди никоҳ аз ҷиҳати биниши қонунӣ ва дар пайи он паёомадҳои неку манфиатбахши ин амалро шарҳ диҳам. Итминонам комил аст, ки маслиҳатҳои камина барои алоҳида нафарон аз фоида холӣ нахоҳад буд. Шояд дар кушодани алоҳида  гиреҳҳои зиндагӣ кумакеро барои хеш дарёбанд.

Аслан, никоҳ ин хоҳишу иродаи  зану мард мебошад, ки мебояд ба муҳаббати пок ва иззату эҳтироми ҳамдигарӣ такя карда, зиндагии якҷояи хешро ташкил  намоянд. Ҳамзамон, набояд фаромӯш кард, ки дар баробари  доштани  хоҳишу майли тарафайни бо ҳам  зиндагонӣ ташкил кардан, мебояд, ки муносибати хешро ба чаҳорчӯбаи қонунҳои амалкунанда низ дуруст кард ва он шарту талаботе, ки иҷроишро ҳатмист, риоя карда шаванд. Дар назар аст дар шуъбаи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ (САҲШ) ба қайд гирифтани никоҳ қувваи ҳуқуқӣ пайдо кардани иттифоқи ду аъзои ҷомеа мегардад.

Бояд қайд кард, ки қонунгузорӣ тамоми нозукиҳои ин корро ба инобат  гирифтааст. Аз ҷумла, розигии  ҳамдигарии марду зан, ба синни никоҳӣ расидани онҳо. Баҳри тақвияти гуфтаҳо, барои  мисол агар  яке аз никоҳшавандагон шаҳрванди хориҷӣ бошад, пас, тартибҳои иловагӣ талаб  карда мешаванд: на камтар аз як сол дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат дошта бошад.

Никоҳ баъд аз гузаштани як моҳи  пешниҳоди ариза ба мақомоти САҲШ ба ҷо оварда  мешавад. Бо хоҳиши никоҳшавандагон,  маросими  бақайдгирии  давлатии ақди никоҳ дар вазъияти  ботантана дар бинои мақомоти САҲШ  ва ё берун аз он сурат мегирад. Чунин тартиби  гузаронидани ақди никоҳ ба устувории муносибатҳои ояндаи оилавии  никоҳшавандагон, хотирмон гузаронидани лаҳзаҳои ҳаяҷонбахш, изҳори  орзуҳои нек ва бо  ин васила тағрибу ташвиқи ахлоқи нек дар ҷомеа мебошад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи  бақайдгирии  давлатии  асноди  ҳолати шаҳрвандӣ" пешбинӣ менамояд, ки дар ҳолате, ки агар шахсони никоҳшаванда (ё яке аз онҳо) бо сабаби беморӣ ва ё дигар  сабабҳои  узрнок ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҳозир шуда наметавонанд, бақайдгирии давлатии ақди ниқоҳ дар хона, дар муассисаи тиббӣ ва ё дар дигар ташкилот бо ҳузури шахсони никоҳшаванда сурат мегирад.

Бақайдгирии  давлатии  ақди никоҳ бо шахсоне, ки дар ҷойҳои маҳрум аз озодӣ муҳлати  ҷазоро адо  менамоянд, дар ҷое, ки роҳбари муассисаи дахлдор дар мувофиқа бо мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ муайян намудааст, ба ҷо  оварда мешавад. Риоя ва иҷрои  ин меъёрҳои  ҳуқуқӣ ба он  хотир аст, ки ҳар  як шаҳрванд ҳуқуқи конистутсионии хешро оид ба бастани  ақди никоҳ тавонад озодона ва бемамониат дар амалия истифода барад.

Ақди никоҳ бо шаҳрвандони хориҷӣ дар асоси  Кодекси  оила ва  дигар  санадҳои  меъёрии ҳуқуқии  Ҷумҳурии Тоҷикистон   ба  қайди  давлатӣ гирифта мешавад. Шуъбаҳои САҲШ пас аз қабули ариза ва баъди бақайдгирии давлатии  ақди никоҳ дар муҳлати 3 рӯз бояд ба шуъбаи раводиди Вазорати корҳои хориҷии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли хаттӣ хабарнома фиристанд.

Бояд зикр кард, ки шахсоне, ки якҷоя зиндагӣ мекунанд ва кӯдак  доранд, ҳоҷагии якҷоя мебаранд,  моликияти умумӣ доранд, вале ба таври расмӣ аз қайди никоҳ нагузаштаанд, аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ зану шавҳар нестанд. Инчунин,  никоҳҳое,  ки   дар  асоси  расму  оинҳои  динӣ  баста мешаванд,  аҳмияти ҳуқуқӣ надоранд.

Қайди қонунии ниқоҳ вақти пайдоиши ҳуқуқу уҳдадориҳоро дар байни  ҳамсарон муайян намуда, муҳофизати онҳоро таъмин менамояд. Аз  лаҳзаи қайдшавии никоҳ миёни  ҳамсарон  ҳуқуқу уҳдадориҳои зиёд  ба вуҷуд  меоянд.Қайди никоҳ муҳофизати  ҳуқуқҳои шахсӣ ва молу мулкии ҳамсаронро таъмин менамояд. Ба ҳуқуқҳои  шахсӣ, мувофиқи  санадҳои  меъёрии ҳуқуқӣ, ҳуқуқҳои зерин дохил мешаванд: ҳуқуқи интихоб намудани касбу кор, ҳуқуқи тарбия намудани кӯдакони худ, ҳуқуқи бекор кардани  никоҳи  басташуда ва ғайра.

Ҳуқуқи молумулкӣ ин ҳуқуқи ҳар як ҳамсар ба моликияте мебошад, ки онро то бастани  ақди никоҳ  ва баъд аз он дар давоми  зиндагии  якҷояашон ба даст овардаанд. Агар моликият аз ҷониби яке аз ҳамсарон баъд  аз бастани ақди никоҳ, яъне, дар давоми  зиндагии якҷояашон ба даст омада бошад, пас, ин моликияти умумии  ҳамсарон ҳисобида  мешавад. Ва ҳарду  ҳамсарон ба ин моликият ҳуқуқи  баробар доранд. Аз вақти қайд намудани ақди никоҳ дар шуъбаи САҲШ  байни ҳамсарон  уҳдадорӣ  барои  таъминоти  якдигар  ба вуҷуд  меояд, ки  мувофиқи  он зану шавҳар  уҳдадоранд, якдигарро   аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ  намоянд, яъне, ёрӣ расонанд. Волидон уҳдадоранд, ки фарзандонро тарбия намоянд, барои саводомӯзӣ ва ташаккули  ҷисмонии онҳо ғамхорӣ зоҳир намоянд. Ҳатто ҳангоми  ҷудо зиндагӣ кардани кӯдак волидайн аз ин уҳдадорӣ озод намешаванд. Дар  ин маврид падару модаре, ки аз кӯдакаш ҷудо аст, ҳуқуқ дорад бо ӯ вохӯрда истад ва ёрии  иқтисодӣ  диҳад. Оне, ки бо кӯдак алоҳида зиндагӣ мекунад, ҳуқуқ  надорад, ки бо волидайни дигар, ки аз кӯдак ҷудо зиндагӣ  мекунад, дар тарбияи  фарзанд ва ё бо ӯ вохӯрдан  мамониат  шавад, монеа эҷод намояд. Ҳамаи  ин ҳуқуқу уҳдадории волидон ҳангоми  ба таври расмӣ дар қайди  никоҳ будан ва ё ба тариқи  қонунӣ муқаррар  намудани  падарӣ ба вуҷуд меояд.

Боварист, ки ин чанд  маслиҳат  ва донистани  онҳо аз манфиат  холӣ нест. Умедворем, ки ҷавонон ҳангоми бунёди оилаи худ омодагиҳои ҷиддӣ дида, дар доираи расму оинҳои миллӣ, маслиҳатҳои бузургсолорон ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагии хешро устувор месозанд.

Нурализода Сафар,  узви фаъоли ҲХДТ, сардори Бойгонии давлатии вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg