ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Роҳсоз” дар маҳаллаи Заринкамар 350 метр роҳи автомобилгарди маҳалла мумфарш карда шуд. Сардори Идораи таъмири истифодаи роҳҳои автомобилгарди ноҳия Мирзоев Талбӣ қайд намуд, ки ин гуна корҳои ободонӣ дар нақша зиёд аст дар рӯзҳои наздик якчанд роҳҳои автомобилгарди кӯчаву маҳаллаҳои ноҳия таъмир карда мешаванд.