БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ - ҚУВВАИ ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Мувофиқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ мулоқотҳо доир ба самтҳои афзалиятноки  ҳизб ва масъалаҳои мубрами рӯз баргузор гардида истодааст.

Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ташкилоти ибтидоии "Беморхонаи чашм" бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб вохӯрӣ доир гардид.

Дар рафти суҳбат ба ҳозирин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ибрози ақида намуда, гуфтанд, ки ҲХДТ масъулияти олии ватансозиро бар душ дорад ва мо ҳизбиён бояд ҷиҳати саҳм гузоштан дар ободии Ватан беш аз пеш нисбати дигар қишрҳои ҷомеа фаъолтар бошем. Ҳамзамон, қайд карда шуд, ки имрӯз Тоҷикистони маҳбуби мо зери сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз то рӯз гул-гул шукуфта истодааст. Моро лозим аст, ки дар зери ин сиёсат муттаҳид шуда, ба халқу Ватани азизамон содиқона хизмат намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg