БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО ЗИДДИ ЭКСТРЕМИЗМУ ТЕРРОРИЗМ ҲАСТЕМ

ВОКУНИШ. Чӣ минтақаест дар пинҳон нигоҳ доштани ақидае, ки иброзаш ба манфиати умум ҳаст? Ба андешаи камина, тамошои филми ҳуҷҷатии "Хиёнат" нафареро, ки худро ватандӯсту сулҳу суботи Ватанро хоҳон аст, бетараф намегузорад. Ва бетараф  истода  ҳам набояд тавонист. Чаро, ки ин Ватан аст, ин манфиати ҳамдиёрону хешу табори  ҳамдигар аст, ки бо ҳам мисли гӯшту нохун пайваста, дар пастию баландӣ, тӯю сурур, ғаму мотам  бо ҳаманд ва дар  ниҳояти кор фоидаро ҳам на як шахс мечашад, балки  манфиатро ҳамагон мебинанд. Чуноне мегӯянд, дарди як узв ҳатман узви дигарро ба дард  меоварад. Пас, чаро мо худ хомӯш истем, модоме, ки дар  тарозуи  тақдири  ману шумо гузошта мешавад? Ва ин амал маънии онро дорад, ки ҷилави ҳалли тақдири мову шуморо нафар ё нафароне гирифтанӣ мешаванд, ки дар дил нисбати  ҳамватани хеш, ободии  диёри аҷдодӣ  тангбинанд. То  ба дараҷае, ки баҳри расидан  ба  ҳадафҳои муғризонаи хеш омадаанд хуни ҳамдиёру ҳамтабори хеш  бирезанд, мулк ба вайрона табдил бидиҳанд, мардумро сарсону саргардон бисозанд. Магар, ин аз гӯшаи  ватандорию имондорист? Ҳаргиз не!...

Меваи  таассуроти бардошта аз филми мазкур маҳз ҳамин хулосабарорӣ гашт, ки  ба таври мушаххас пешкашатон сохтам. Ва аминам, ки ин ҳам дар  манзари он ҳама ҳодисаҳое, ки насли калонсоли ҷануби Тоҷикистон худ дар оғози солҳои 90-асри гузашта шоҳид гашта, аз ҷониби эшон он дидаю шунидаҳо  бо  имрӯзи диёри хеш қиёс карда хоҳад шуд. Итминонам  комил аст, ки ҳақиқати дигареро низ ба забон хоҳад овард: Фарқ  дар пешравӣ, ободсозӣ, баландравии сатҳи зиндагии мардум аст. Чуноне мегӯянд, аз замин то осмон!...

Чуноне аз тамошои филм возеҳу равшан бармеояд, дар симои роҳбари Ташкилоти экстремистӣ-террористии  "Ҳизби назҳати исломӣ" Муҳиддин Кабирӣ то ҳанӯз ҳастанд ашхосе, ки бо сабукандешӣ, тангбинии хеш тайёранд, ҳамагуна муқаддасоти  инсониро зери по кунанд. Фаромӯш карда аз он, ки хиёнат  ба Ватан, ба халқи диёри хеш дар ҳеҷ давру замон, дар ягон манзилу макон аз ҷониби ҳеҷ  нафаре хуш пазируфта нашудааст ва нахоҳад шуд. Ақли носолим маҷбураш сохта, ки нафас аз болояш ғолиб баромад, ӯро ба вартаи  душманӣ ба халқу Ватани хеш ворид сохт. Ва оқибат он гашт, ки беватан, сарсону саргардон дар хориҷи кишвар  ҳамчун хоин истиқомат, гаштугузор дорад. Ягона илоҷ дар он дида, ки боз ҳам ба сари  ватандору ватандорон, роҳбарони диёр санг бизанад. Агар мантиқан суол кунем, ки ғами  Ватану ҳамдиёрро ту бо  сангзании хеш хӯрда истодаӣ, ё нафаре, ки ватандорӣ, ғамхории хешро  нисбат ба Ватану  мардуми диёр  бо амалҳои созандааш иброз дорад? Табиист, ки суолро ҳам ҳоҷат ба посух нест. Воқеият худ ҳақиқатро собитгар аст.

"Яке аз омилҳои  густариш ёфтани ифротгароӣ ва терроризм ин аз ҷониби  ташкилотҳои  террористӣ  васеъ  истифода  гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ, бахусус, шабакаи интернет бо мақсади пешбурди  ташвиқоти экстремистӣ, ба сафҳои худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва  роҳбарӣ намудан ба амлҳои харобкоронаи онҳо маҳсуб меёбад". Дар яке аз баромадҳояшон таъкид доштанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Бале, воқеият собитгари зиндагист: терроризм, экстремизм Ватан, нажод,  миллат,  дину мазҳаб надорад. Ва ин муқаддасотро намеписандад. Гузашта аз он, ин мафҳумҳои  муқаддасро баҳри расидан  бо амалисозии  нақшаҳои зишт  баҳри расидан ба мақсадҳои  нопокашон истифода мекунанд. Ҳамон гунае, ки  Муҳиддин Кабирӣ  ва ҳаммаслакони ӯ, бо  истифода аз номи  дини мубини Ислом  ҳамчун ниқобе, чунин амалҳоро ба худ раво дида, ҳам  ба халқу Ватан хиёнат карданд, ҳам номи дини  бузург  Исломро доғдор карданд. Нофаҳмида аз он бузургӣ, ки Ислом  дар ҳеҷ  давру замон  ба ҳимояю пӯштибонии нафаре ниёз надошт ва надорад, балки инсонро ниёз ба ҳимояи Ислом аст ва бо хор кардани Ислом  ҳаргиз бузург  нахоҳӣ шуд.

Замона дигар гашт, илму технологияи замон рӯ ба  тараққӣ  овардааст. Ва табиист, ки дар баробари бо мақсадҳои ободсозӣ, созандагӣ истифода кардани ин дастовардҳо инсонҳои сияҳкору сиёҳтинат ин дастовардҳоро  бо  мақсадҳои  нопоки хеш  истифода  мекунанд. Ин  ҳақиқати воқеист, ки мо онро нодида гирифта наметавонем. Зарур аст, ки дар самти  мубориза бо ин зуҳурот муқовимат ва ё ҳуҷум дурусту мақсаднок бошад.

Агар ба ҳақиқати имрӯзаи зиндагӣ бингарем, пас, дарк кардан мушкил нест, ки ҷавонони замони муосир кӯшиш ба харҷ  медиҳанд, то технологияҳои замонавиро  азхуд карда, баҳри пешбурди  рӯзгори  хеш истифода баранд. Дар ҳукмронии сулҳу субот, озодию оромӣ, дар корҳои  бунёдкорию созандагӣ, бо ҳисси баланди ватанпарварӣ, тинҷию амонии кишвар. Вале он чӣ, ки Кабирӣ ва кабириҳои дигар мехоҳанд, оқибаташ ин хилофи орзую омоли чунин ҷавонон мебошад: ҷангу ҷидол, хунрезӣ, нооромӣ, нобоварӣ ба имрӯзу фардои хеш.

Вобоста  ба мавзӯъ дар Донишкадаи технология ва менеҷменти иноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб таҳти роҳнамоии маъмурияти Донишкада нақшаи корӣ  дар байни  омӯзгорон  ва донишҷӯён тартиб дода шуда, аз рӯи мавзӯҳои  "Нест бод терроризм!", "Нест бод экстремизм!", "Мо зидди ҳаракатҳои  ифротгароӣ!", "Ҷавонон муқобили гаравиши аҳли ҷомеа ба азҳоб  ва ҳаракату  гурӯҳҳои  ифротгаро ва экстремистӣ!", конфронсҳо гузаронида, тавассути  онҳо маротиби дигар  аҳли ҷомеаро  аз хатари  ин зуҳурот огоҳ сохта, даъват  ба амал  меоранд, ки дар атрофи Сарвари давлат баҳри дифоъ  аз дастовардҳои  истиқлолият, ваҳдати миллӣ, сиёсати  хирадмандонаи  Ҳукумат ва давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон  муттаҳид гарданд. Ва ҷавонон дар сафи  пеш  қарор  хоҳанд дошт.

Тавре аз баромадҳои  ҷавонон бармеояд,  онҳо зидди  ҳамагуна зуҳуроти  номатлубе мебошанд, ки хилоф ба пешрафти ҷомеа ҳаст. Зеро экстремизму терроризм, ки ҷомеаи ҷаҳониро  ба ташвиш овардааст, аз қабили онҳост.

Ба андешаи камина, ҳар як фарди  ватандӯст вазифадор аст, ки барои ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияту осоиштагии давлат ва оромию суботи ҷомеа  саҳмгузор бошад.

Барот  Одинаев, узви фаъоли ҲХДТ, омӯзгори калони Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg