БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА ИФТИХОРИ 700-СОЛАГИИ КАМОЛИ ХУҶАНДӢ. АШЪОРИ ВАТАНДӮСТОНАИ КАМОЛИ ХУҶАНДӢ

«Гарчанде қисми зиёди ҳаёти Хоҷа Камол бо сабабҳои сиёсиву иҷтимоӣ дар ғарибӣ, яъне дар шаҳри Табрези Эрон гузаштааст, вале ӯ дар ҳама ҷо бо ёди Ватан ва ёру диёр умр ба сар мебурд. Ҳеҷ гоҳ зодгоҳи хеш - Хуҷанди бостониро фаромӯш намекард ва бо номи зодгоҳу сарзамини аҷдодии худ ҳамеша ифтихор дошт».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

АНДЕША. Дар назми асри 15 -и форсу тоҷик ғазал ҳамчун жанри пешқадам мақоми баланд дошт ва ҳамаи шоирони он давра маҳорати худро дар он месанҷиданд. Аммо дар байни онҳо  Ҳофизи Шерозӣ бузургтарин шоири ғазалсаро шинохта шудааст. Баъди ӯ мақоми пешовӣ дар ин жанр насиби шоири забардасти мо Камоли Хуҷандӣ гардидааст.

Шайх Камоли  Хуҷандӣ  соли 1321 дар шаҳри зебоманзари ҷумҳурии мо – Хуҷандӣ бостонӣ чашм ба олам кушодааст. Пас аз касби камол аксари шаҳрҳои Осиёи Миёнаро дар задааст. Бинобар  дурӣ ҷустан  аз фитнаҳои рӯзгор ва шиносоӣ бо аҳволи мардум ҳаҷро ихтиёр намуда, ба Макка меравад ва дар бозгашт дар шаҳри Табрез истиқомат ихтиёр мекунад. Пас аз фитнаҳои шоҳи Урдуи Тиллоӣ – Тухтамишхон зӯран ба шаҳри Сарой бурда шуда, пас аз солҳо боз ба Табрез бармегардад ва он ҷо аз олам мегузарад.

Ҳамаи ғазалҳои Шайх Камол аз ғазал фароҳам омадааст ва онҳо дар девони ӯ ҷамъ шудаанд. Ғазалиёти Камол дар тарутозагӣ, зебоӣ ва забти мавзӯъҳои ҷолиб чун ғазали Ҳофиз мебошад. Аз рӯйи нақлҳо ҳатто Ҳофизро мафтун кардаанд ва Ҳофиз аз якеи онҳо ба матлаби “Гуфтам ба чашм”  таассурот бардошта, ба маҳорати Камол чунин баҳо додааст: “Машраби ин бузургвор олист ва сухани  ӯ софӣ ва инсоф он аст, ки поктар ва ширинтар аз ғазалҳои Хоҷа Камол аз мутақаддимон ва мутаанирон нагуфтаанд” (Иқтибос аз тазкираи Давлатшоҳи Самарқандӣ).

Камоли Хуҷандӣ дар ғазалҳои худ ҳар он чизи ношоистае, ки дар зиндагӣ мушоҳида кардааст, ҳамаро зери тозиёнаи танқид қарор додааст. Вай зидди макру фиреб, дурӯғу бадӣ, мунофиқию дилозорӣ буд, хусусан мисли Саъдӣ, Ҳофиз ба ҷониби  одамони бечораю бенаво истода, рафтори хуби инсонпарварӣ аз худ зоҳир мекард. Вай ба нафси худ қонеъ буд ва зоҳидона рӯзгор мебурд. Ин тарз мартабаи ӯро дучанд баланд мекунад ва ӯро дар машрабу маслаки худ султон қарор додаанд. Аз ин ҷо Камол худро аз султон муқаддам мегирфт ва ҳаёти дарвешонаро аз кайфу сафо ва дастбӯсии табақаҳои болоӣ  афзал меҳисобид. Ба ин маъниҳо гуфтааст:

Дасти султонан намебусад Камол,

Нест султонро ба дарвеш эҳтиёҷ.

Камоли Хуҷандӣ адиби ниҳоят хушсухан ва тозафикр мебошад.  Пайваста аз вафодорӣ, аҳду паймон сухан меронад, ишқу муҳаббатро васф мекунад, ба маҳбуба ҳарфҳои ширин мегӯяд. Аммо ғазалҳои Кмол мисли суханони устод Рӯдакӣ аз ақидаҳои ватанхоҳона низ серобанд. Ин мавзӯъ аз он ҷост, ки Хоҷа Камол  аз Ватан дур монда, дар шаҳрҳои бегона рӯз гузаронида ва ҳамеша бо ёду хаёли ватанаш зистааст.

Вай куҷое равад, хотираҳои айёми наврасию камолотро дар Хуҷанди азизаш аз ёд намебарорад, сайру сайёҳати лаб дарё ва манзараҳои кӯҳи зодгоҳаш пеши чашмонаш давр мегаштанд. Хуҷанд барояш қадру манзалати дигар дошт ва ёди он ҷо низ барояш таскини ҳол буд. Аз ҷониби дигар Шайх Камоли Хуҷандӣ азбаски солҳо дар Табрез зиста ва он ҷо фавтидааст, ин шаҳрро чун зодгоҳаш эҳтиром менамуд ва он ҷоро Ватани дуюм меҳисобид. Бинобар ин дар гуфтаҳои ватандӯстонааш баробари Хуҷанд Табрез низ ёду сифат мешавад. Дар шаҳрҳои ғурбат Камол ин тавр оби мусаффою кӯҳи сарсабзи Хуҷандро, ки Мевагул ном дошт, ёд карда, дар тавсифи онҳо сухан рондааст:

Аз оби Хуҷанд бигзашт кӯҳ,

Дар сайри ту ин ба ҷуз масал нест.

Камол ба ёди Хуҷанд таскин меёфт ва ёди зодгоҳ барояш кайфияу сурур мебахшад. Муҳаббати ӯ ба зодгоҳаш беҳисоб буд ва хусусан куҳи серобу сарсабзи он ҷо ҳамеша илҳомбахши ашъораш буданд.

Чун кӯҳи Хуҷанд омад ба шеър,

Бо обу баландному мақомаш.

Камол  ватани дуюмаш Табрезро  чунин сифат карда, оно барояш муқаддас ва баробари ҷон меҳисобад:

Табрез маро ба ҷои ҷон хоҳад буд,

Пайваста маро вирди забон хоҳад буд.

То дар накашам оби Чарандобу Гиҷил,

Сурхоб зи чашми ман равон хоҳад буд.

Ин рӯбоиро Шайх Камоли Хуҷандӣ вақти дар асорати Саройи давлати Урдуи Тиллоӣ буданаш гуфтааст, ки он ҷо ӯро шоҳи он Тухтамиш бурда буд. Дар Сарой вай  натанҳо Табрез, балки Хуҷанд зодгоҳи аслиашро низ ёд менамуд ва ба бод муроҷиат мекард, ки аз  ҷойи дурдаст ба ёрони хуҷандиаш саломи ӯро расонад. Онҳоро огоҳ намояд, ки Камоли Хуҷандӣ дар асорати қипчоқиён аст ва ёди зодгоҳаш дар ин ғурбат ба ӯ қуввату мадад мебахшанд:

Эй боди баҳор, ки аз ту хушбӯст,

Маҷлис ба равоеҳи  абриам,

Бигзар ба Хуҷанду бигӯ ба ёрон,

Аз ман, ки ба шаҳри Чин асирам.

Дар интиҳои сухан ду байт аз шеъри машҳури Камол ба радифи “Ғариб”  меорам, ки  чакидаи рӯзҳои айёми ғарибии шоир, бо ёду хаёли Ватану ёрон орзуманди диёру хешон моломол буда, шикояти сахтеро аз ғурбату ғарибӣ ва меҳнату азоби он нуҳуфтааст:

Дил муқими кӯҳи ҷонон асту ман ин ҷо ғариб,

Чун кунад бечораи мискинтани танҳо ғариб.

Орзуманди диёри хешаму ёрони хеш,

Дар ҷаҳон то чанд гардам бесару бепо ғариб.

Хулоса, вазифаи мо омӯзгорон аст, ки наврасону ҷавононро дар асоси ашъори ватандӯстона ва инсонпарваронаи шоири барҷастаи форсу тоҷик Шайх Камоли Хуҷандӣ ва дигар шоирони форсу тоҷик таълиму тарбия намуда, ворисони асилу пайравони воқеии онро ба воя расонем.

Толибова Маҳбуба, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгори МТМУ №6-и шаҳри Бохтар

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg