БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРҒИБИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ ДАР МАҲАЛ

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вобаста ба солимии аҳолӣ ва пешгирии бемории сироятии COVID- 19 кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо сокинони деҳаи Гулободи Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Зимни вохӯрӣ бо сокинон бо усули “хона ба хона” корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Бодомов Назрулло оид ба риояи гигиенаи шахсӣ бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус суҳбат гузаронида, таъкид намуд, ки мардум бояд дар ин масъала бепарво набошанд ва тадбирҳои пешгирикунандаи бемории сироятиро қатъиян риоя намоянд. Инчунин, қайд карда шуд, ки ҳар як ваҷаб замини Тоҷикистон ҳосилхез буда, дар ҳолати мақсаднок истифода бурдани он мо метавонем, таъмини амнияти озуқаворӣ ва сатҳи некӯаҳволии  мардумро таъмин намоем.

Дар охир ба сокинон варақаҳои иттилоотӣ- тавсиявӣ дастрас карда шуд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg