БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАФАККУРИ ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ ВА ХАТАРИ ОН БАРОИ ИДЕОЛОГИЯИ МИЛЛӢ

ВОКУНИШ. Тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгароии динӣ ва созмонҳои террористӣ ҳамчун як хатари бузурги минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, имрӯза амният ва мавҷудияти аксари кишварҳои мусулмоннишинро зери таҳдиди  ҷиддӣ қарор додаанд. Таҳдиди ин зуҳуроти харобиовар акунун аз сатҳи миллӣ ва минтақавӣ фаротар рафта, хусусияти глобалӣ ё умумиҷаҳонӣ гирифтааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ дар таърихи 20 январи соли 2016 дар мавриди афзоиши хатари терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Раванди ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастани ҷавонон дар кишварҳои гунргуни ҷаҳон, бахусус дар кишвари мо нишон медиҳад,ки насли нави ифротгароёни динӣ, хусусан, пайравони гурӯҳи террористи таблиғу ташвиқи андешаҳои худро дар байни ҷавонон ба роҳ монданд. Маҳз ҳамин равиши таблиғотии соддаву таъсирнок ва истифодаи васеъ аз воситаҳои муосири иттилоотӣ, расонаҳои электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз омилҳои пайдо кардани ҷойгоҳи байналмилалии ин гурӯҳ ба ҳисоб меравад.Мушкилии аслии ҷавонони ноогоҳи кишварҳои мусулмоннишин ин аст, ки онҳо аз идеологияи аслии ифротгароёни динӣ, бахсус, аз гурӯҳи террористӣ ба ном «Давлати исломӣ» иттилоъ надоранд ва ба фиребу найрангҳои онҳо соддалавҳона дода мешаванд. Ҳоло он, ки идеологияи аслии ифротгароёни динӣ пеш аз ҳама бар зидди идеологияи милллии мо, Ватани мо, Истиқлолияти давлатии мо, мардуми мо ва ҳар як нафари мо равона шудааст. Имрӯз шаҳрвандоне,ки ба сафи равия ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротии динӣ ҳамроҳ мешаванд, илова бар ҷинояткор будан, хоинони Ватан ва миллат ҳисобида мешаванд. Шояд дар зеҳни касе ин савол ба вуҷуд ояд,ки чӣ гуна онҳоеро,ки ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастаанд, хоинони Ватану миллат номидан мумкин аст.Таркиби ҷинояти онҳо чун хоини Ватану миллат дар чист?Тавре аз зикри хатарҳои ин гурӯҳҳо маълум шуд, яке аз муҳимтарин барномаҳои гурӯҳҳои ифротӣ аз байн бурдани давлатҳои мустақил дар минтақаи мо, аз ҷумла аз байн бурдани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Онҳо ин нияти худро расман эълон карда, кишвари моро ҳамчун як ноҳияи хурди «хилофат»-и пешбинӣ мекунанд. Дар хатари сиёсии ҷаҳон,ки онҳо таҳия карда, дар расонаҳо расман паҳн карданд, Ҷумҳурии Тоҷикистон умуман  вуҷуд надорад. Илова бар ин,онҳо ба сохти давлатдорӣ, тарзи зиндагӣ, арзишҳои миллӣ ва таърихии мо муқобил буда, нисбати онҳо нафрати беандоза доранд. Хулоса, омадани онҳо ба маънои аз байн рафтани давлати мустақили мо, нобудии таъриху фарҳанги мо ва нобудии миллати мо мебошад.Пас ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба ин гурӯҳҳои ифротӣ ҳамроҳ мешавад, бевосита дар максадҳои шуми онҳо ва дар фаъолиятҳои зиддидавлатӣ ва зиддимиллии онҳо шарик мешавад.  Яъне, ин шаҳрванд барои нобуд сохтани миллати худ ҳамроҳ бо ифротиён меҷангад,барои амалӣ шудани ин мақсад онҳо ба онҳо ёрӣ мерасонад. Ҳамин тавр, ӯ дар муқобили давлати худ, бар зидди Ватани худ ва дар душманӣ бо миллати худ қарор мегирад.

Ҳамин тавр ӯ хоини Ватан ва хоини миллат мешавад.

Албатта, аъзои ҳизбу гурӯҳҳои ифротӣ ба сабаби барангехтани низоъ, даст доштан дар ҷангу хунрезӣ ва қатлу кушторҳои бешумор аз ҷиҳати ҷинояткоранд, аммо илова бар ин, бо сабаби дар муқобили Ватану миллати худ қарор гирифтан, онҳо хоини Ватану миллат низ ба ҳисоб мераванд. Ин аст масъалаи хиёнат ба Ватану миллат дар таркиби ҷинояти ин шахсон.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии худ аз 26-уми июли соли 2015 дар бораи ин гуна шахсон чунин гуфта буданд: «Аз марги баъзеашон ба падару модар маълумот расид, онҳо аз ин амали нангини фарзандонашон миёни хешу табор ва ҳамсояҳову аҳли ҷомеа дар хиҷолатанд. Чунки фарзандони онҳо ҳам ба Ватан- Модар ва ҳам ба мазҳаби ҳанафӣ хиёнат кардаанд.

Дар тӯли таърих ягон халқу миллат хиёнат ба Ватан – Модар, давлат ва мардумро набахшидааст ва намебахшад.

Т. Мирзоев, дастурдиҳандаи Муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳияи Балҷувон

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg