БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЧАРО БИСЁРЕ АЗ ОИЛАҲОИ ҶАВОН ПОШ МЕХӮРАНД?

Оила дар фарҳанги  мардуми кӯҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбад.

                                                                                                                                                                          Эмомалӣ Раҳмон

АНДЕША. Пеш аз он ки дар бораи вайроншавии оилаҳо  ҳарф занем, аввал бояд маълум кард, ки заминаи бунёди ин оилаҳо чӣ буд ва чаро барҳам хӯрданд?  Сабаби пош хӯрдани оилаҳо дар кишвар пеш аз ҳама ба ҳаёти оилавӣ омода набудани ҷавонон аст. Вақте, ки ҷавонписар ё ҷавондухтар касб надорад, аз нигоҳи иқтисодӣ худашро  таъмин карда наметавонад, чӣ ниёзе ба бунёди оила дорад? Аксари оилаҳо имрӯз аз ҳисоби падару модарон бунёд мешаванд. Ин гуфтаро бештари равоншиносони масоили оилавӣ таъкид мекунанд.

Мутаассифона, ба чашм мерасад, ки барои пош хӯрдани оила ҳарду тараф-ҳам мард ва зан гунаҳгоранд. Пеш аз ҳама, бояд  ҳар як модар ба хотири ояндаи дурахшони фаразандаш ӯро ҳам аз ҷиҳати ҷисмониву  ақлонӣ ба ҳаёти оилавӣ омода кунад. Ҳамин холигоҳи тарбия дар як гурӯҳ духтарони ҷавон ба он боис шудааст, ки вақте онҳо ба ҳаёти оилавӣ қадам мегузаронад, аз оддитарин маданияти рӯзогордорӣ бехабаранд. Ҳамин ноогоҳӣ ва бетассаввурот будан аз гардишҳои рӯзгор пасту баландиҳои он боис ба моҷароҳи доманадор  дар оилаҳо ва парокандашавии онҳо гаштааст.

Агарчи оиладорӣ ҳодисаи муқаррарӣ менамояд, масъулияти зиёд  доштани онро фаромӯш набояд кард. Зеро оила пойдевори ҷомеа, асоси пойдории насли инсон мебошад. Ҷомеашиносон оиларо ячейкаи хурди ҷамъият номида, таъкид доштаанд, ки инсон тарзи муносибат бо афроди ҷомеаро маҳз дар муҳити оила меомӯзад. Аз ин рӯ, инсоне, ки аз муҳити оилаи солим маҳрум мемонад, на танҳо дар ҷомеа мавқеъ намеёбад, балки бо ҳамроҳ шудан ба ҳаёти  ҷамъиятӣ мушкилиҳои бе ин ҳам зиёди ҷомеаро афзунтар мегардонад.

Аз шумораи зиёд шудани ҷудошавии оилаҳо равшан маълум мегардад, ки таваҷҷуҳи ҷомеа ба ин масъалаи муҳим кам шудааст. Маълум мешавад, ки пеши роҳи кам кардани ин мушкилоти иҷтимоиро дар якҷоягӣ метавон гирифт. Ташкили оилаи солим  ва интихоби дурусти ҳамсар яке аз мавзӯъҳои муҳими ҳаётӣ ба шумор меравад. Падару модар бо ҳазор умеду орзу фарзандро ба воя мерасонанд ва ба онҳо дуои нек медиҳанд, то оила  бунёд кунанду хушбахт шаванд.

Аслан нафаре, ки оиладор мешавад, оиларо ҳамчун воситаи татмини нафас бинад, балки дарк кунад, ки оила муассисаи муқаддас буда, дар он афроди ҷомеа ба воя мерасанд. Барои барпо кардани оилаи мустаҳкаму устувор интихоби ҳамсар муҳим аст. Пеш аз ташкил кардани оила тарафайн бояд хислати якдигарро донанд ва ҳамеша дар шебу фарози зиндагӣ дастгирӣ ҳамдигар бошанд. Барои бунёд кардани оилаи мукаммал, бешубҳа, падару модар нақши муҳим  дошта, намунаи оила ба ҳисоб мераванд. Онҳо бояд фидокор бошанд, ҳамеша дар фикри дигарон бошанд, худпараст набошанд, якдигарро ҳурмату эҳтиром намоянд, ҳамеша паҳлӯи хуби воқеаро бинанд, сабур бошанд ва хушмуомилаву беозор бошанд. Ҳама  вақт унсурҳои маънавиро дар мадди аввал гузоранд ва донанд, ки пулу мол, мақому мансаб, зебоиву шуҳрат абадӣ набуда, ҳеҷ вақт оиларо устувор нигоҳ намедорад. Дар баробари ин, волидайн бояд ҳамеша аз истеъмоли машруботи спиртӣ, қиморбозӣ, зинокорӣ ва дигар корҳои зишт дур бошанд, зеро агар дар ҷое, ки ин гуна аъмоли зишти гуноҳ мавҷуд бошад, он ҷо ҳузур, садоқат ва эътимод дида намешавад. Ин  амалҳои зишт боиси гусаста шудани пайвандии оила ва  рафоқату дӯстии оила мегардад. Донистани ҳаққу ҳуқуқи ҳамдигар низ барои устувор нигоҳ доштани оила муҳим аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон аз ҷудошавии оилаҳо изҳори нигаронӣ карда, чунин гуфтаанд: “Сабаби ҷудошавии оилаҳо, пеш аз ҳама, омода набудани ҷавонон ба зиндагии мустақилона  мебошад... Сабаби дигар пош хӯрдани  оилаҳо дар он аст, ки бисёре аз волидайн фарзандонро  бе муоинаи пешакии тиббӣ хонадор карда, вазъи саломатии онҳоро ба эътибор намегиранд... Бояд гуфт, ки  масъалаҳои  маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модар  дар таълиму тарбияи фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи  проблемаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад”.

Бояд  қайд  намуд, ки оила ин ранҷу заҳмат ва меҳнати пурҳосил аст. Ҳаёти оилавӣ  ин сабру тоқат, гузашту бахшишҳо, муҳаббати дутарафа  ва кор  аз болои камбудиҳои худро дорост! Баъзеҳо шикоят мекунанд, ки дар байни онҳо  муҳаббат намондааст!? Дар ҳақиқат, агар байни зану шавҳар ягон мақсад набошад, пас муҳаббат низ коста мегардад, хоҳиши барқарор намудани муносибатҳо гум мешавад ва аз ҳамдигар “сер” мешаванд. Барои ҳамин, инро дуруст дарк намудн зарур аст ва муҳимиятро дуруст баҳо дода, муносибатхоро  дар дигар сатҳ инкишоф додан лозим меояд. Тавре шахсони рӯзгордида, мегӯянд, ки “Зиндагии ширин дар як бахту як саодат аст”.

Рӯзҳои охир тариқи расонаҳои ахбору шабакаҳои иҷтимоӣ хабару видеоҳои оилавайроншавиро бисёртар дида истодаем. Бештари онҳоро оилаҳои ҷавон ташкил мекунад, ки баъзан аз туҳмати зиёд, аз нангу номус ва орият даст ба куштор мезананд.

Дар ҷомеаи имрӯза омилҳои вайроншавии оилаҳо гуногун мебошанд. Як омили ҷудоӣ муҳоҷирати мардон мебошад. Онҳо муддати дароз аз оила дур мемонанд ва гапу калочаҳои беасос пайдо гардида, оиларо хонавайрон мекунад. Сабаби дигари пош хӯрдани оила ин беморӣ ва бартарафии калонсолон мебошад.

Дигар тарафи масъала ин аст,ки инсон барои  интихоби ҳамсари ҳаётиаш набояд ба саросемагӣ ва беаҳмиятӣ роҳ диҳад, то сабаби вайроншавии  оила ва ятим мондани фарзандон гардад.

Дар шароити имрӯза бо мақсади пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон омода намудани фарзандон  ба ҳаёти оиладорӣ, ба роҳ мондани дарсҳои маърифати оиладорӣ дар мактабҳои оли касбӣ, таъсиси  комиссияҳои  ҷамъиятӣ  дар шаҳру деҳотҳо ва вохӯрӣ гузаронидан дар байни ҷавонписарону ҷавондухтарон лозим аст. Зеро, ки оилаи солиму хушбахт ва маърифати хонаводагии падару модар дар оила асоси  тарбияи фарзанд ҳисоб рафта, ҷомеаи солим низ ба насли бомаърифат, донишманд, ватанпараст, забондон ва дорои ахлоқи ҳамида ниёз дорад.

Аз одобу рафтори шоистаи инсон,меҳнати фидокорона,оилаи солим боқи монад, фарзандони зираку ҳушёр ба ҷомеа нафъ мерасонад. Аз ин рӯ, аз аввалин рӯзҳои оиладорӣ месазад меҳру муҳаббат ва ҳамдигарфаҳмӣ барин омилҳои асосии оиладориро абадӣ дар хонадон ҷойгузин намуд.                 

Одинамо Шарипова,  номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи забони ҳозираи рус ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ                                                     

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg