ВОКУНИШ. Вақте филми ҳуҷҷатии «Хиёнат»-ро тамошо кардам, бори дигар ваҳшати ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки он замон хеле хурд будам пеши назар омад. Гурез-гурези одамон, мурдаҳои хобида, деҳаҳои вайрону валангори сӯзонида, қатли мардуми бегуноҳ, тирборонкунию торумори бераҳмона, гуруснагӣ ва ҳоказо. Чи даҳшате буд он солҳо, ки ба сари миллати ман наомад.