
ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади ба мардум фаҳмонидани дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ оид ба истифодаи самараноки замин дар деҳаи Гулдараи Ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев бо усули “хона ба хона” кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ суҳбат гузарониданд.
Зимни вохӯрӣ масъулин дар бораи мақсаднок истифода бурдани заминҳои наздиҳалигӣ ва гирифтани ду-се ҳосил аз он, ки яке аз вазифаҳои асосие мебошад, давлату ҳукумати кишвар дар назди сокинони мамлакат бо мақсади таъмини аминяти озуқаворӣ гузоштааст, мо бояд ҳар ваҷаб қитъаҳои заминро бо заҳмату меҳнати софдилона маҳсулоти кишоварзӣ кишт намоем. Дар охир ба сокинон варақаҳои таблиғотӣ тақсим карда шуд.