
ДӮСТӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар ташкилоти ибтидоии “Фарҳанг”-и ноҳия оид ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, аз ҷумла пешгирии бемории коронавирус хониши сиёсӣ доир гардид. Дар суҳбат намояндагони ҳизби ноҳия вобаста ба бемории сироятии коронавирус ва нишонаҳои пайдоиши он, самараноку оқилона истифода бурдани замин мулоҳизаронӣ карда, таъкид доштанд, ки агар мо ба қоидаҳои беҳдоштӣ қатъиян риоя намоем, метавонем бе ягон монеа аз ин давраи ҳассоси зиндагӣ бароем. Инчунин, дар бораи корҳои хоҷагидорию кишоварзӣ сухан рафта, ба сокинон барои хуб ба роҳ мондани кишти такрорӣ ва ба даст овардани ҳосили фаровон як қатор тавсияҳои судманд пешниҳод гардид.