БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЁНАТКОР ДАР ҲАР ДАВРУ ЗАМОН ХИЁНАТ МЕКУНАД, НА ХАЙР

ВОКУНИШ. Вақте филми ҳуҷҷатии «Хиёнат»-ро тамошо кардам, бори дигар ваҳшати ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки он замон хеле хурд будам пеши назар омад. Гурез-гурези одамон, мурдаҳои хобида, деҳаҳои вайрону валангори сӯзонида, қатли мардуми бегуноҳ, тирборонкунию торумори бераҳмона, гуруснагӣ ва ҳоказо. Чи даҳшате буд он солҳо, ки ба сари миллати ман наомад. Хуллас, Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти комил ба даст оварду он рӯзҳои шум оҳиста- оҳиста фаромӯш мегашт. 27-уми июни соли 1997 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қудрати ҷавонмардии худ бо неруҳои мухолиф дар шаҳри Москав Созишномаи ризоияти миллӣ ва истиқрори сулҳро бастанд. Мо ин рӯйдоди муҳимро тариқи садову симо дидему хушҳол гаштем, ки мо аз ваҳшату даҳшат ба Ваҳдат расидем. Аммо надонистем, ки каждумҳои зери бӯрё дар чанд соли оромию осоиш заҳр ҷамъ мекунанду боз аз пайи нешзанӣ мешаванд.

Магар айб нест, ки дар зери пардаи сиёсат ва дини мубини Ислом чунин амалҳои ноҷавонмардонаи ба ҳама маълумро наҳзатиҳои наҳс пиёда месозанд? Албатта, барои инсони комил, тарбиядидаву бомаърифату ватандор айб аст. Аммо барои бешарафу беномус, ватанфурӯш, иғвогар, ноуҳдабарову найрангбози наҳзатиҳо Кабирию ҳаммаслаконаш, ки аз хоҷагони хориҷиашон манфиат ба даст меоранд ба гуфти худашон қаҳрамонист.

Имрӯз яке аз таблиғгарони гурӯҳҳои ифротӣ, алалхусус ТТЭ ҲНИ, Муҳаммадиқболи Садриддин, ки аз кина ҷӯстану дурӯғ бофтан ва иғво ангехтан лабу лунҷ ва шаклаш ҳамдунаи «Боғи ҳайвонот»-ро мемонад, гӯё ба гуфти худаш қахрамонӣ нишон дода истодааст. Аз тамошои филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» ба хашм омадаасту вокуниш мекунад. Вокуниши ту дигар ба кӣ даркор? Ту дар Тоҷикистон набошӣ, барои миллат коре карда натавонӣ, фақат манфиати худро дар ҷойи аввал гузошта, бо пуле, ки аз хоҷагони хориҷиат ба даст меори танҳо зиндагии ҳароми худатро пеш мебарию зури беҳуда зада бо забони лакнатдорад боз ҳам мардумро ба шӯр меорӣ.

Мехоҳам дар омади гап як қиссача кунам: саг вақте аккосзанон хонаро посбонӣ мекунад, соҳибхона пасмондаи таом ё бурдаи нонеро ба пешаш мепартояд. Ва ҳеҷ гоҳ бо ӯ дар як табақ нон намехӯраду ба хуши ба ӯ чизе ҳам намедиҳад. Ҳамин, ки пиру нотавон ва қудрати аккосзаниро гум кард аз хона берунаш мекунад. Ту Муҳаммадиқбол ба мисли ҳамон саг ҳастӣ, ки ба ҳар тараф медавию аккос мезанӣ. Ҳеҷ вақт падару бобоятро бо шахсиятҳои барӯманду хирадманд муқоиса накун! Тавре ки огаҳ шудем, бобоят босмачи буду падарат ба мисли худат иғвогар. ӯро на барои озодандеши, балкӣ барои муносибати бадахлоқона бо ҳайвонот ҳабс карданд. Шояд худат аз падарат кам набошӣ. Вақте ҷор мезанию мегӯи, ки дар ободии Водии Вахш падару бобоят саҳм гузоштанд, чи гуна исбот мекунӣ. Чун дар ҷое навишта нашудааст. Бо ҳамон аксе, ки дар барномаи пахши мустақимат буду дар хонаи падарат чанд наҳзатии наҳсро ҷамъ кардед ифтихор мекунӣ? Албатта, ин хатои маҳз аст. Зеро ба андешаи исботнамудаи ҳаммаслаки ҳамонвақтаи худатон Аёмиддин Сатторов собиқ Ҳизби мамнуъгаштаи Наҳзат ҳеҷ гоҳ ва дар ҳеҷ вақт ба манфиати халқ фаъолият набурда буду намебарад.

Хубтараш, ки аз худу падару бобоят дигар таърифу тавсиф карда, қаҳрамон натарош! Ба туи иблис ҳеҷ як тоҷикистонӣ эҳтиёҷ надорад. Ту дар Тоҷикистон нестӣ бо чи ҳаққу ҳуқуқе дар бораи Ватани мо ҳарф мезанӣ. Мард ҳамон мард аст, ки ҳеҷ гоҳ Ватанашро партофта ба ягон ҷо намегурезад. Он муҳоҷироне, ки дар бораашон гап мезанӣ дар паҳлӯят нишастаанд. Бо ин ҳиллаву найрангат фақат гумроҳон ва худатро фиреб медиҳӣ. Голивуд рафта ягон филми хуб таҳия кун. Хиёнаткорро дар ҳар давру замон хиёнаткор мегӯянд, инро асло аз ёдат набарор.

Ф. Султонов, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант            

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg