БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БО МЕҲНАТИ ХУД ҲОСИЛИ ДИЛХОҲ БА ДАСТ МЕОВАРЕМ

ВОСЕЪ.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Барои фаҳмонидани хатари бемории коронавирус ба мардум кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар деҳаи Заркамари Ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев бо усули “хона ба хона” вохӯриву суҳбатҳо баргузор намуданд.

Дар баробари гузаронидани суҳбату вохӯриҳо масъулин аз ҳавлиҳои сокинон дидан намуда, ҷиҳати истифодаи самараноки қитъаи заминҳои корами наздиҳавлигӣ ва президентии шаҳрвандон, гузаронидани кишти такрорӣ, ҳосилхез намудани заминҳо ва бо ин мақсад таъмини аҳли оилаи худ ва бозори истеъмолӣ бо сабзавоти тару тоза ва хушсифати ватанӣ маслиҳатҳо доданд. Ҳамунин дар охир ба сокинон барои иҷрои пешгирии беморӣ варақаҳои иттилоотӣ  тақсим карда шуда, онҳо даъват гардиданд, ки қоидаҳои беҳдоштиро дар оилаҳояшон нигоҳ доранд.

                                                                                                  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg