БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФАЪОЛИЯТИ ШАШМОҲАИ ҲИЗБИЁН ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки фаъолони  ҳизб маҷлиси ҷамбасти шашмоҳаи ташкилоти ибтидоии “Муассисаи хизматрасонӣ дар хона” баргузор гардид. Дар маҷлис раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Раҷабалӣ Табаров оид ба фаъолияти шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ  ва вазифаҳои минбаъда ҳисобот дода, қайд кард, ки дар оянда низ  дар асоси   дастуру супоришҳои  мақомоти болоии ҲХДТ кору фаъолият намуда, дар татбиқи ғояҳои созанда саҳм мегузорад. Инчунин  дар идомаи  маҷлис муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод  Гулсунбӣ Раҷабова иштирок дошта, иштирокчиёнро ба корҳои ободонию созандагӣ, аз ҷумла тарғиби тарзи ҳаёти солим, истифодаи самараноки замин ва истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  раҳнамоӣ намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg