БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОЛИМИИ ҶОМЕА - ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар деҳаву маҳаллаҳои шаҳр бо аҳолӣ оид ба мавзӯъҳои мубрами рӯз суҳбату вохӯриҳо доир намуданд.

Гурӯҳи корӣ дар суҳбат дар кӯчаи ба номи  Саъдии Шерозӣ оид ба тадбирҳои роҳандозишуда аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории COVID-19 ибрози андеша намуда, аз ҷумла зикр карданд, ки риояи қоидаҳои санитариву гигиенӣ дар ин самт имкон дод, ки паҳншавии вирус ва гузариши он ба пандемия дар Тоҷикистон пешгирӣ карда шавад.

Ҳамзамон, дар идома доир ба дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизб аз ҷониби гурӯҳи корӣ бо сокинон истифодаи дурусти қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ, бо мақсади таъмини ҳар як оила бо маҳсулоти тару тозаи ватанӣ, захира намудани маводҳои ғизоӣ фаҳмонида шуда,  бар ҳар як сокини кӯчаи мазкур барои гирифтани маълумот аз варақаҳои иттилоотӣ барои пешгири бемориҳои сироятӣ дастрас  карда шуданд.
 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg