
ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Барои боз ҳам вусъат додани корҳои таблиғотӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар кӯчаи Ҷавонии Ҷамоати шаҳраки Қубодиён чорабинии ҳизбӣ бо усули “хона ба хона” –ро гузаронида, дар ин росто ба аҳолӣ варақаҳои иттилоотӣ оид ба бемории сироятии коронавирус ва ниқобҳои муҳофизатиро тақсим намуданд.
Ҳамзамон, дар суҳбат аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки ба хотири таъмини зиндагии шоиста аз заминҳои наздиҳавлигии худ ва хоҷагиҳои ёрирасон ҳосилҳои дилхоҳ ба даст оварда, оилаи худро аз маводи озуқаворӣ таъмин созанд.