БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Июл 2020

МАРДУМИ ТОҶИК ИН МАРҲИЛАИ МУШКИЛРО НИЗ БО САРИ БАЛАНД ПАСИ САР МЕКУНАНД

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи  Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант ин навбат дар кӯчаи ба номи Аҳмади Дониш бо аҳолӣ оид ба мавзӯъҳои мубрами рӯз суҳбату вохӯриҳо доир намуданд.

ОМӮЗГОР – РАҲНАМОИ ФАРДОИ ДУРАХШОН

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Татбиқи сиёсати созандаи ҲХДТ, нақши фаъолонаи омӯзгорон дар таълиму тарбияи насли наврас ва иштироки онҳо дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ, корҳои созандагию бунёдкорӣ барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин ҳама зимни вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар н

ТАВСИЯҲОИ ТАБИБОНРО РИОЯ НАМОЕД!

КӮЛОБ. Дар доираи аксияи ҳизбии  “Солимии миллат-бақои давлат!” Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дар кӯчаю хонаҳои истиқоматии шаҳри Кӯлоб Аксияи фарогир бо усули “хона ба хона” ва “аз даст ба даст” гузаронида мешавад.

ДАР ОБОДИИ ВАТАН САҲМ МЕГУЗОРЕМ

КӮЛОБ. Дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!”.  Дар доираи дастуру ҳидоятҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз ҷониби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар муассисаҳои таълимии шаҳри Кӯлоб корҳои созандагӣ ва ободонӣ бо маром идома доранд.

ИДОМАИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ БАХШИДА БА СОЛИ НАВИ ХОНИШ

КӮЛОБ. Дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!”. Дар тамоми муассисаҳои таълимии шаҳри Кӯлоб бахшида ба соли нави хониш барои шароити хуби таълимӣ фароҳам овардани хонандагон  аз ҷониби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ корҳои созандагиву ободкорӣ амалӣ шуда истодаанд.

ТАВСИЯҲО БАРОИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС МИЁНИ АҲОЛӢ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони  масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ҷиҳати пешгирии бемории хавфнок ва гузарандаи Коронавирус дар ташкилотҳои ибтидоии  ҳизбӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд.

РИОЯИ ҚОИДАҲОИ БЕҲДОШТӢ АСОСИ ПЕШГИРИИ COVID-19

КӮЛОБ. Дар доираи Аксияи ҳизбии “Солимии миллат-бақои давлат”  Бо иштироки васеи аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ҳамарӯза дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб  Аксияҳои таблиғотӣ баргузор карда мешавад.

БА ҚОИДАҲОИ БЕҲДОШТӢ ЭЪТИБОРИ ҶИДДӢ ДИҲЕД!

КӮЛОБ. Дар доираи аксияи ҳизбии “Солимии миллат-бақои давлат”. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” корҳои таблиғотиро ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус дар маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб мунтазам гузаронида истодаанд.

ШИНОСОӢ БО ЗАНҲОИ ҲУНАРМАНД ВА ИНЪИКОСИ МАҲОРАТИ ДӮЗАНДАГИИ ОНҲО

А.ҶОМӢ. Дар доираи  Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Ҳунарманд аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Муқаддаси Садриддин ба дӯхтани сару либосҳои занона ва ҷиҳози хонаи арӯс машғул буда, дар санъати нақшнигорӣ ҳамто надорад. Дар баробари машғул шудан ба корҳои дӯзандагӣ занону духтарони ноҳияро ба касби дӯзандагӣ ҷалб намуда, ҳунару маҳорати худро ба онҳо меомӯзонад.

МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ COVID – 19 ҲАДАФИ МОСТ!

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади татбиқи ҳадафҳои созандаи Барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара  дар ҳамдастӣ бо дигар  сохторҳои  ноҳия ҷиҳати пешгирии сокинон  аз вируси сироятии COVID-19 корҳои амалӣ анҷом доданд.

Pages

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg