КӮЛОБ. Дар доираи аксияи ҳизбии “Солимии миллат-бақои давлат”. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” корҳои таблиғотиро ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус дар маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб мунтазам гузаронида истодаанд.
Зимни баргузории корҳои тарғиботӣ дар маҳаллаи Файзободи боло ба сокинон оид ба риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла риояи масофаи байниҳамдигарӣ, риояи қоидаҳои ҳатмии шахсӣ ва дуруст истифодабарии маҳлулуҳои безараргардонӣ инчунин, дар ҷойҳои серодам бо худ доштани ниқоб ҳушдор доданд. Ҳангоми баргузории аксияи мазкур ба аҳолӣ беш аз 300 адад варақаҳои иттилоотӣ ва ниқобҳои муҳофизатӣ дастрас гардид.