ХОВАЛИНГ. Дар деҳаи доробии ҷамоати деҳоти Ҷомбахт сокинони деҳа баромади кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сайҷалол Сатторов, Ш. Набиев ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии № 12 Ҷангихон Одинаевро дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, хатари терроризм, ки рӯз то рӯз дар ҷаҳон доман паҳн намуда, аҳли башарро ба таҳлука андохтааст, бо диққат гӯш намуданд.