БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Намоиши кӯдаконаи наҳзатиёни бефаросат

ВОКУНИШ. Бо шарофати ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари мо дар миқёси ҷаҳонӣ оҳиста-оҳиста мавқеи худро мустаҳкам намуда, пешниҳодҳои Сарвари давлати мо ҳамоҳангӣ пайдо намуда, боиси дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид ва мо тоҷикон шукронаи онро дорем, ки дар лаҳзаҳои ҳассосу аз байнрафтани давлат Худованд ба мо сарвареро ирсол намуд, ки ҷони худро сипар намуда барои тинҷиву оромии ин давлати гирифтор ба ҷанги шаҳрвандии аз берун таҳрезишударо ором созад. Вале ин тинҷиву оромӣ, пешравию тараққиёти давлати мо ба баъзе ашхосони ватанфурӯши беватан маъқул набуда, бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, ки Ватани моро ноором созанд. Воқеаҳои мудҳиши дар ноҳияи Данғара бо сайёҳони хориҷӣ рухдода боз як бори дигар нишон дод, ки ин тоифа ноодамон обрӯи ватани азизи моро дар миқёси ҷаҳонӣ резонанд, бехабар аз он, ки ин кирдорҳои разилонаи онҳо ба ҳама маълум асту ба онҳо ҳеҷ кас боварӣ надорад.

Инчунин, тариқи синамо ду филми мустанади «Решаҳои ноаён», ва «Бозгашт аз ҷаҳаннам» нишон дод, ки чӣ гуна Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ барои пора-пора сохтан ва аз байн бурдани Тоҷикистон ба чӣ разилиҳо даст задаанд ва зада истодаанд. Ба гуфти Чингиз Айтматов ин «манқуртон» ба ғайр аз супоришҳои хоҷагони хориҷии худ дигар ягон чизро дидан намехоҳанд ва худро ба ҳар дару девор зада мусичаи бегуноҳ метарошанд.

Ҷаласаи арзёбии ҳуқуқи башари САҲА, ки рузи 10 сентябр дар шаҳри Варшава ба кор шуруъ кард, дар баробари фаъолони мухолифини дар хориҷи кишвар,  аз ҷумла аъзои ҳизби дар Тоҷикистон мамнуӣ наҳзати исломӣ, чанд мақоми баландпояи кишварро аз Душанбе ба ҳам овард. Дар толори маҷлисгоҳи САҲА ду рӯз инҷониб баррасии вазъи ҳуқуқи башар ва озодии баён дар кишварҳои узви ин созмон, аз ҷумла Тоҷикистон ҷараён гирифт. Дар поёни рӯзи дуюми ҷаласаи ҳуқуқи башари САҲА дар Варшава миёни баъзе аъзоёни ҳукуматӣ ва мухолифин муноқиша рух дод. Ин муноқиша ба кадом хотир буд?

 Вақте, ки ин ватанфурушу мазҳабфурушон диданд, ки аз ҷониби собиқ ҳаммаслаки онҳо Аёмиддин Сатторов сиру асрори онҳо фош шуда истодаасту дигар ба сафсатаи онҳо касе бовар намекунад, онҳо ба чунин иғво даст заданд. Ин мазҳабфурӯшон диданд, ки САҲА аз асли воқеа, дилу нияти нопоки мухолифин огоҳ гардида бо давлати мо наздикӣ пайдо намуда истодаанд, ба чунин разилӣ даст задаанд. Аёмиддин Сатторов дар ҳайати ҳукуматӣ аз Тоҷикистон барои ширкат дар ҷаласаи САҲА омада дар  ин ҳамоиш суханронӣ намуда иброз кард, ки дигар узви ҲНИТ нест ва ин ҳизбро дар талоши бесубот кардани кишвар гунаҳгор мешуморад. Баъди чунин шармандагиҳову беобрушавӣ дар ҳамоиши ин ташкилот намояндагони мухолифин ба ғайр аз даст ба иғво задан дигар чорае надоштанд. Ин ҳамоиш симои аслии ин хоинони миллатро нишон дод.

Нарсов Исломиддин-узви гуруҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg