БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Наҳзатиёни ба нафрати халқу миллати худ гирифторшуда дар Аврупои насронӣ чӣ меҷӯянд?

ВОКУНИШ. Наҳзатиҳои лаънатшудаи халқ, ки бо амалҳои хоинонаашон нисбати Ватан, миллат ва мазҳаби ҳанафӣ ба нафрати халқу миллати тоҷик гирифтор шудаанд, бо дастгирии молиявии хоҷагони хориҷии худ дар кадом як гӯшаи дунё, ки рост ояд, аз ночизтарин имконот истифода бурда, аз нияти амалӣ сохтани ҳадафҳои нопокашон-ноором сохтани авзои ҷомеаи Тоҷикистон, даст кашиданӣ нестанд. Ин дафъа низ наҳзатиҳои ватанфурӯш аз шаҳри Варшаваи давлати Полшаи (Лаҳистон) насронитабор, ки мардумаш аслан аз ҳадафҳои бади сиёсии ин ташкилоти террористиву экстремистӣ ба хубӣ огаҳӣ надоранд, ба сиёҳ намудани роҳбарияти олии мамлакат ва инкори дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву ҳуқуқии давлати ҷавони Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ, даст заданд.

Чунин ба назар мерасад, ки ташкилотҳои байналмилалии дар Полша ҷойгирбуда, инчунин баъзе доираҳои сиёсии ин давлат ё ин гуна амали як ташкилоти экстремистиву террористӣ эълоншударо намедонанд, ё дасти кам мегиранд ва ё сиёсати дурӯя мебаранд. Агар ба хотир биорем, ки давлати Полша яке аз ҷонибдорони фаъоли мубориза бар зидии амалҳои террориситву экстремистӣ дар Сурияву Ироқ мебошад, пас боварии кас намеояд, ки мардуми дар доираи бузурги демократияи замони ҳозира зиндагӣ ба сар барандаи Полша ҷонибдори назарҳо ва амалҳои асримиёнагии ТЭТ ҲНИТ бошад – гурӯҳи иртиҷоие, ки дубора миллати тоҷикро ба замони босмачигарӣ баргардонданианд.

Вале барои роҳбарони ТЭТ ҲНИТ, аз ҷумла Кабирӣ, ки дар баҳри ҳилаву найрангҳои сиёсии худ, амалҳои хоинонаи худ бар зидди Ватан ва миллату мазҳаб то гӯшҳошон ғарқанд, илоҷи дигаре нест, чуноне, ки ғарқшаванда ҳатто аз як баргаки болои об низ умед дорад. Ҳатто ҳаракатҳои таҳқиромези яке аз косалесони хоҷаҳои наҳзатӣ нисбати намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам, ки тариқи расонаҳои хабарӣ, аз ҷумла сомонаҳои интернетӣ паҳн гардид, бо омодагии пешакӣ тарҳрезӣ шуда, бояд ин гурӯҳи ифротиро каме бошад ҳам муаррифӣ мекард. Дар асл оламиён бори дигар аз асли воқеа ва сурату сирати аслии ин хоинони миллату мазҳаб, ки баъди фарёди “Гушатро мебуррам”- худ аз ҷониби намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоби муносибро дар ҷисмаш эҳсос кард, ошно гардиданд. Аҳсану офарин ба намояндаи боору номӯс ва ватандӯсти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба таҳқири он номарди наҳзатӣ ҷавоби хеле мувофиқ ва саривақтӣ дод.

Ҳамаи иштирокдорони ин ҳамоиши ғайриқонунӣ, ки бо мақсади бадном кардани давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва роҳбарияти олии он ташкил шуда буд, инчунин тавассути интернет ва дигар расонаҳои хабарӣ ҳамаи олам пас аз нидои “Гушатро мебуррам”-и наҳзатии бо ном тоҷик, дарк намуданд, ки аъзои ТЭТ ҲНИТ бо амалҳои зиддиинсонии худ аз собиқ каллабурҳои бо ном давлати исломии Шому Ироқ фарқ надоранд.   

Боварӣ дорем, ки мардуми ориётабор ва ватанпарасту озодихоҳи тоҷик, ба хусус ҷавонони ватандӯсту боору номӯси он, фирефтаи сиёсатбозиҳои ин хоинони миллату мазҳаб намегарданд, ки мехоҳанд як амалеро мисли солҳои 1991-1997 аз нав роҳандозӣ намоянд. Имрӯз ҳар як шаҳрванди ватандӯсти тоҷик омода аст, ки барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи пояҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон саҳми арзанда гузорад ва дар ин роҳ пеш аз ҳама аз даъвату ҳидояту дастурҳои ватанпарастонаи Пешвои муаззами Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифода мебаранд.

Назарзода Х.Х. – узви гуруҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар, ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg