БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тоҷикистон-сарзамини сайёҳӣ ва ҳунармандӣ

КӮЛОБ. Дар доираи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар деҳаи Гулободи ҷамоати деҳоти Даҳана бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул ва дигар шахсони расмӣ баргузор гардид.

Зимни суханронии худ Валиева Саъбагул қайд кард, ки дар асл Тоҷикистон сарзамини сайёҳӣ ва ҳунармандӣ мебошад. Эълон шудани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз тарафи Пешвои миллат аз як тараф мавзеъҳои сайёҳии кишварамон ободу зеботар гардида, аз тарафи дигар барои эҳё ва зинда гардонидани ҳунарҳои хонагӣ, густариш додани урфу одат ва анъанаҳои неки ниёгонамон ва дар ин замина бедор кардани завқи мардум ба ҳунарҳои дастӣ, ҷалб намудани ҷавонон ва занҳои хонашин ба истеҳсолоти хонагӣ мусоидат намуд.

Инчунин, таъкид гардид, ки барои инсони боҳунар аз ҳама чизи гарон ва муқаддас ин ҳунари волояш  мебошад, зеро аз рӯи ҳунараш дар байни ҷомеа эҳтироми хоса дошта ва дар ободиву пешравии Ватани худ, бо ҳунари дастон ва омӯзонидани ҳунари худ ба шогирдон саҳми арзанда мегузорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg