БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳадафҳои созандаи ҲХДТ дар амал татбиқ гардида истодааст

КУШОНИЁН. Бо мардуми  ҳунарманди  деҳаи Навкори ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳияи Кушониён бо иштироки  раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён Сатторова Мунаввара ва мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Дилафрӯзи Абдулло вохӯрӣ баргузор гардид. Масъулин қайд карданд, ки мо дар самт дар руҳияи мардум тақвият додани ҳунармандиву бунёдкорӣ, намоиши таомҳои миллӣ, созандагиву ободонӣ тарбия кардани насли наврас ва ҷалби бештари сайёҳон ба давлати азизамон-Тоҷикистон диққати махсусро равона намудаем.

Дар баробари андешаронӣ раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён Сатторова Мунаввара атрофи ҳодисаи фоҷиабору нангини гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша, ки бо фармоиши ТЭТ ҲНИ дар куштори 4 нафар сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара даст заданд, ҳарф зада, мардумро бори дигар аз хавфу хатарҳои ташкилотҳои террористиву экстремистӣ огоҳ намуд.

Дар охир иштирокдорон амали сангину нанговари гурӯҳи авбошони ҳайвонсиратро, ки наҳзатиён намехоҳанд Тоҷикистони мо ободу рушд ва зиндагии мардум орому осуда бошад, қотеъона маҳкум карда, ба ҳамлаи қотилон нафрат хонданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg