БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Шомилшавии ҷавононро ба гуруҳҳои ифротӣ қатъиян маҳкум мекунем

Ҷ.БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Аҳолии ҷамоати шаҳраки Балх» вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ роҳандозӣ гардид.
Нахуст, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Абдулҳаев Маҳмадсаид иштирок ва вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолити ҳизбӣ Абдулҳаев Маҳмадсаид баромад намуда, гуфт, ки ҷомеаи ҷаҳониро имрӯз хатарҳои терроризм ва ифротгароӣ ба ташвиш овардааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳои мебошад, ки нисбати ин масъала ҷиддӣ муносибат карда, дар ин росто муборизаро шаддидан идома дода истодааст ва мардуми тоҷик нисбати фиреб хӯрдани баъзе аз ҷавонони соддаву гумроҳ назарҳои мухталиф дошта, шомилшавии ҷавононро қатъиян маҳкум месозад. Кормандони масъули ҲХДТ барои пешгирӣ аз ин хатарҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботиро мунтазам идома дода, дар якҷоягӣ бо аъзо ва ҷонибдорони худ баҳри расидан ба ҳадафу мақсадҳои нек кӯшиш ба харҷ медиҳад. Дар фарҷом иброз дошт, ки мо зери ғояҳои созандаи ҳизб дар якҷоягӣ ва сарҷамъӣ фаъолияти пурсамар намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил хоҳем гашт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg