
ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва дар якҷоягӣ бо намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ маҳфили илмӣ-адабӣ ва фарҳангӣ бо иштироки олимону муҳаққиқон ва адабиётшиносон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур олимону муҳаққиқон ва адабиётшиносон оид ба саргузашт ва арзишҳои илмиву умумибашарии эҷодиёти ин шахсияти маъруфу олими машҳур маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.
Ҳамзамон аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” порчаҳои шеъриро аз эҷодиёт ва дар васфи Мавлоно бахшидашударо қироат намуданд.
Дар воқеъ эҷодиёти Мавлонои бузург саршор аз арзишҳои инсондӯстӣ ва эҳтиром гузоштан ба шахсияти инсон буда, хонандаро ба дунёи адолат ва тарбия дар роҳи инсони комил ҳидоят мекунад.