БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинони деҳа ба ҳушёрии сиёсӣ даъват карда шуданд

ХОВАЛИНГ.  Дар деҳаи доробии ҷамоати деҳоти Ҷомбахт сокинони деҳа баромади кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сайҷалол  Сатторов, Ш. Набиев ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии № 12 Ҷангихон Одинаевро дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, хатари терроризм, ки рӯз то рӯз дар ҷаҳон доман паҳн намуда, аҳли башарро ба таҳлука андохтааст, бо диққат гӯш намуданд.

Дар баромади масъулин ба он таъкид гардид, ки ҳамагон бояд дар бораи терроризм ва дигар амалҳои зишт ба монанди нашъамандию нашъаҷаллобӣ,  бемориҳои сироятӣ ба монанди ВИЧ/СПИД, моҳияти хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ, ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро маълумоти кофӣ дошта бошанд. Яке аз чунин ҳизбҳо террористӣ -  экстремистӣ ҲНИ мебошад, ки имрӯз рӯи аслии худро ба мардум нишон дод. Нишон дод, ки сарварони ин ҳизб Ватан, миллат, дину мазҳаб надоранд. Онҳо ҳамаи ин арзишҳои инсониро ба он маблағҳои ҳароме, ки аз хоҷагони хориҷии худ ба ивази хизмати хирсона мегиранд, кайҳо иваз намудаанд.

Имрӯз наҳзатиён аз карда, аз он ки ба сари мардум ғаму дарди зиёдеро бор намуданд, пушаймон нестанд. Ҳоло ҳам аз дур ба тарафи давлату Ҳукумати Тоҷикистон санги маломат мезананд.  Вале аз байни худи онҳо шахсиятҳое чун Айёмиддин Сатторов пайдо мешавад, ки бо далелҳо кӣ ва чӣ будани ҳинитиёнро ба таври раднашаванда собит намуда, онҳоро шармандаи ҷаҳон менамояд. Аз баромадҳо сокинони деҳа дар бораи ҳизби ТТЭ будани ҲНИ маълумоти муфассалтар пайдо намуданд.

Дар ҷамъбаст фаъолияти ҲНИ ва амалҳои террористии содирнамудаи сарварон ва аъзои он ба таври қатъӣ маҳкум карда шуд.

Намоиши ҳунарии ба ифтихори Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ташкил намуда,  бо номгӯй ва рангорангӣ писанди тамошобинон гардид.

Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар деҳа гузаронида, ки сокинон дар ҳамдастӣ иҷрои корҳои муҳим ва ҳалталабро ба ӯҳда гирифтанд, ба беҳбудии зисту зиндагии онҳо мусоидат менамояд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg