БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Кишоварзӣ соҳаи даромаднок аст!

БАЛҶУВОН. Дар деҳаи Хосамоӣ ва Сиёҳлояки ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоеви ноҳияи Балҷувон бо иштироки кормандони  масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Дар вохӯрӣ масъулин оид ба ҷамъоварии хӯроки  чорво барои зимистонгузаронӣ, истеҳсоли маҳсулотҳои кишоврзӣ ва дигар маҳсулотҳои ниёзи мардум сухан гуфта аз кори деҳқонони муваффақи ин деҳа дидан  намуданд.

Ҳамчунин , аз кори яке аз деҳқони асил Шарипов Қурбоналӣ, ки  бо  занбӯри асалпарварӣ машғул аст,  аз наздик шинос шуданд. Шарипов Қурбоналӣ  дар соли ҷорӣ  аз 30 оила замбӯри асал  500 килограмм асали тоза ба даст  оварда, ба бозори марказии ноҳия ва ба ноҳияи Данғара содирот намуда,  маблағи ба даст овардаашро баҳри баланд бардоштани шароити рӣзгораш истифода менамояд. Деҳқони асилу чашмикордон  Шарипов Қурбоналӣ таҷрибаи андухтаашро ба дигар деҳқонон низ тавсия медиҳад, ки ҳар ваҷаб замини дар ихтиёрдоштаи худро самаранок истифода намоянду буҷаи оилаи худро бойю ғанӣ гардонанд ва инчунин, ба ин васила ҷои кориро зиёд намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg