ҶАЙҲУН.
ҲАМАДОНЙ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев, Сафаралӣ Шарифзода ва Фирӯз Пиров барои иҷрои нақшаи чорабиниҳо барои нимсолаи дуюми соли 2018 бо аҳолии деҳаи Анҷиркони ҷамоати деҳоти Паҷрӯд вохурӣ гузарониданд.
ПАНҶ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ҷараёни баргузории чорабиниҳову машғулиятҳои сиёсиро мутобиқи ҷадвали баргузории вохӯриву сӯҳбатҳо ба роҳ монда истодааст. Вазифаи асосии ҳизбиён ташкил ва дар сатҳи баланд ба роҳ мондани ин чорабиниҳои сиёсӣ мебошад.
КӮЛОБ. Бахшида ба соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишварамон чорабинии идона баргузор карда мешавад. Аз ҷумла имрӯз дар мактаби миёнаи умумии №34- ҷамоати деҳоти Даҳана бо иштироки васеъи омӯзгорону хонандагон, падару модарон ва кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб чунин чорабинии идона баргузор гардид.
Ҷ.БАЛХӢ. Дар маҳаллаи Қизил-байрақи ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизби “Истиқлол” тибқи ҷадвали баргузории мулоқот бо сокинони маҳал бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мулоқот баргузор гардид.
Ш.ШОҲИН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи сил” оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ доир гардид.
Ш.ШОҲИН. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо сокинон дар деҳаи Назарбоӣ вохӯрӣ баргузор карданд.
ШАҲРИТУЗ. Бо мақсади иҷрои ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳалаҳои ноҳияҳои Шаҳритуз дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ дар деҳаи Бешкаппаи ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматови ноҳияи Шаҳритуз бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар ноҳия Абдуллоева Шоира бо сокинон атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ва дар доираи Соли ру
А.ҶОМӢ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Чашмасор»-и деҳаи Чашмасори ҷамоати деҳоти Калинини ноҳия хониши сиёсиро дар доираи татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» баргузор намуданд.
ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар маҳаллаи Баҳори ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҷумагул Шомаҳмадова, муовини раиси Кумитаи иҷроия Насим Сабурзода, ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Фарҳод Обидзода вобаста ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
АХБОРИ ҲХДТ
НОВОСТИ НДПТ
NEWS PDPT
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АМИТ Ховар
МИҲД вилояти Хатлон
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи. Айни №47
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Email: hkhdt_khatlon@mail.ru
Tel: (83222) 2-82-92 Fax: (83222) 2-12-12