![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/2018-07-30%2016.01.00_1.jpg?itok=1vqQdF1F)
Ш.ШОҲИН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи сил” оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ доир гардид.
Дар хониши сиёсӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок ва доир ба имконияту дастоварҳои соҳа андешаронӣ намуданд.
Зимнан масъулин доир ба самтҳои афзалиятноки ҲХДТ, тарғиби тарҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, дар байни аҳолӣ бурдани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ баҳри солимии миллат ва пояндагии давлат, инчунин баргузории чорабиниҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки соҳаи тандурустӣ яке аз соҳаҳои афзалиятноки ҷомеа буда, аз ҳар як кормандони соҳа хизмати софдилонаву хизматрасонии босифатро тақозо менамояд.
Инчунин, дар ин раванд моҳияти озмунҳои ҳизбӣ ва Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ба иштирокдорон фаҳмонида иҳтирокдоронро барои дар амал татбиқ кардани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ раҳнамоӣ намуданд.