ЁВОН. Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон ва намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» бахшида ба 27- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ротаи якуми баталёни дуюми бригадаи 6593-и Сарраёсати ислоҳи ҷазои ҷиноии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ дар мавзӯъи «Модари аскарбача-модари шуҷои миллат аст» баргузор гардид.