ШАҲРИТУЗ. Дар ташкилоти ибтидоии хизбии «Маркази саломатӣ» бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Носирзода Абдукарим бо кормандони соҳаи тандурустӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
А.ҶОМӢ. Дар доираи татбиқи Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ дар ташкилоти ибтидоии «Пахтакор-2»-и деҳаи Пахтакори ҷамоати деҳоти «50-солагии Тоҷикистон» бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо сокинони маҳалла вохӯрӣ баргузор гардид.
ҶАЙҲУН. Бо мақсади таъмини иҷрои нақша- чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо аъзои ҳизб дар ташкилоти ибтидоии «Ғалаба» вохӯрии судманд дар мавзӯъи «Пешгирӣ аз истифодаи нодурусти технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун хатар ба амнияти миллӣ» доир гардид.
Н.ХУСРАВ. Тибқи ҷадвали мувофиқашуда оид ба баргузории мулоқоту вохӯриҳо дар нимсолаи дуюми соли 2018 дар ташкилоти ибтидоии «Почтаи тоҷик»-и ноҳия оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
ҲАМАДОНӢ. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар асоси ҷадвали баргузории чорабиниҳо барои нимсолаи дуюми соли 2018 бо сокинони деҳаҳои Туғул ваТудабоёни ҷамоати деҳоти Чубек вохӯрӣ гузаронида шуд.
ФАРХОР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Агроинвестбонк» вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ доир гардид.
МӮЪМИНОБОД. Дар деҳаи Ғофилободи убараи ҷамоати деҳоти ба номи Н. Назарови ноҳияи Мӯъминобод тибқи ҷадвали баргузории мулоқот бо сокинони деҳа бахшида ба соли Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мулоқот баргузор гардид.
КУШОНИЁН. Бо мақсади амалӣ намудани Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Мактаб-даргоҳи маърифат”, дастгирию кӯмак ба ятимону оилаҳои ниёзманд дар соли нави хониш ва дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён тасмим гирифтааст, ки ба ятимону оилаҳои ниёзманди ҷомеа кӯмаки яквақтаи худро расонид.
КӮЛОБ. Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “МНДСЭ-и минтақа” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
ҚУБОДИЁН. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён, баҳри эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Навобод” намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили сӯзанидӯзӣ, намоиши дӯхти либосҳои занона бо тарҳи замонавӣ бо нигоҳ доштани нақшу нигорҳои ниёгон бо б
АХБОРИ ҲХДТ
НОВОСТИ НДПТ
NEWS PDPT
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АМИТ Ховар
МИҲД вилояти Хатлон
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи. Айни №47
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Email: hkhdt_khatlon@mail.ru
Tel: (83222) 2-82-92 Fax: (83222) 2-12-12