БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фаъол гардонидани шаҳрвандон ва ҷалби бештари онҳо ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ

А.ҶОМӢ. Дар доираи татбиқи Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ  дар ташкилоти ибтидоии «Пахтакор-2»-и деҳаи Пахтакори ҷамоати деҳоти «50-солагии Тоҷикистон» бо иштироки  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо сокинони маҳалла вохӯрӣ баргузор гардид.

Тавре, ки аз суҳбат бо сокинони маҳал маълум гашт, эълон шудани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мардумро водор сохтааст, ки бештар ба корҳои хонагӣ таваҷҷуҳ намоянд, чунки бо ташаббуси Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин гуна корҳо аз пардохти андоз озод буда ба сарчашмаи даромади аҳолӣ табдил ёфтаанд.

Дар рафти вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Ашӯров Суннатулло, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар мавриди хатари тероризму экстремизм бо мақсади пешгирӣ аз ҷалби шаҳрвандон ба ташкилотҳои экстремистиву террористӣ андешаронӣ карда, дар ин раванд моҳияти  Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ба иштирокдорон фаҳмонид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg