БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Солимгардонии бонкҳо аз дастурҳои Пешвои миллат аст

ФАРХОР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Агроинвестбонк» вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ доир гардид.

Дар ин хониши сиёсӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Шаҳбози Искандар баромад намуда, аз нуктаҳои асосии Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маҳз ба самти фаъолияти онҳо дахл дошт,  иқтибос оварда, ёдовар шуд, ки дар Паёми имсолаи худ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар  дастур доданд, ки ҷиҳати таҷдид ва солимгардонии Ҷамъияти саҳомии "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк" дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин нақшаи зарурӣ таҳия ва амалӣ намоянд.

Ҳамчунин, мавсуф қайд кард, ки ҷиҳати эътимоди дубораи мардумро нисбати низоми бонкӣ ба даст овардан чораҳои зарурӣ андешидан лозим аст.

Ҳамзамон,  дар рафти мулоқот оид ба  хатарҳои терроризму экстремизм ибрози ақида намуда, онҳоро  барои дар амал татбиқ намудани сиёсати Пешвои миллат ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ даъват ба амал овард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg